ТОКПАРВАРӢ: ҲАМДАСТӢ ДАР РУШДИ СОҲА

Солҳои охир токпарварони вилоят фаъолияти боз ҳам пурсамари хешро ба роҳ монда, нақшаи бунёди токзорҳои нав ва барқарор намудани токзори кӯҳнаро дар вилоят ҳамасола барзиёд иҷро менамоянд.

Кишоварзон соҳаи сердаромад ва афзалиятнок будани токпарвариро ба хубӣ дарк намуда, барои ба даст овардани ҳосили баланд кӯшиш мекунанд.

Набиҷон Алиқулов, раиси Хоҷагии деҳқонии кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суҳбат ба мо чунин гуфт:

- Дар ҳудуди хоҷагӣ 320 гектар токзор иборат аз ангурҳои навъи шоҳона, кишмиш, ҳусайниҳои сафед, сиёҳ мавҷуд мебошанд. Бо иқдоми Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мо барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Турсунзода рафта, аз парвариши ток бо усули нав ошно ва ҳамзамон таҷрибаи ангурпарвари моҳир Ҳоҷӣ Неъматро омӯхтем. Ин иқдоми Раиси вилоят басо саривақтӣ буда, мо - токпарварон аз ин сафар таассуроту бардоштҳои хуб гирифтем. Бояд зикр кард, ки мо дар хоҷагӣ токзор ба масоҳати 5 гектар бо ҳамин усул бунёд карда будем. Дар ҳудуди хоҷагӣ алҳол 20 гектар токзори кӯҳна мавҷуд буда, ният дорем онро бо чунин усули замонавӣ барқарор намоем.

Ба кор андохтани заминҳои бекорхобида ва барои бунёди боғу токзор мавриди истифода қарор додани онҳо зери таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор гирифтааст.

Дар машварате, ки бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода санаи 8 - уми сентябр дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ба кишоварзон ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супориш дода шуд, ки дар ноҳия низ аз тарафи соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба монанди шаҳри Истаравшан токзорҳои наву замонавӣ бунёд карда шаванд. Қаблан бо супориши Раиси вилоят барои бунёди токзорҳои нав ва боғи интенсивӣ дар мавзеи Рухак дар майдони 1000 гектар ба нақша гирифта шуда буд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин самт комиссияи доимӣ ташкил шудааст.

Бино ба гуфти Ҳасан Раҳмонов, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеи Рухак дорои 2350 гектар замин буда, он ба 225 шаҳрванд барои сохтмони иншооти гуногун ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо карда шудааст.

- Бинобар мавзеи Рухак дар баландӣ ҷойгир будан, масъалаи мубрами он норасоии об мебошад. Боиси қайд аст, ки ин минтақа бо воситаи насосҳои обкашии Коҳиров, Юбилейний 1, 2 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва насосҳои обкашии ноҳияи Ҷаббор Расулов обёрӣ мешаванд. Алҳол дар қисми бештари ин мавзеъ боғ бунёд гардида бошад ҳам, аз сабаби танқисии оби полезӣ дар як миқдор заминҳо бунёди боғ амалӣ нашудааст. Мушкилоти об ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа буда, барои обёрии 400 гектар замин ба унвони идораҳои дахлдор мактуб ирсол шудааст. Инчунин, ба идораҳои соҳаи кишоварзии ноҳия барои санҷидани хоки ин мавзеъ ва додани тавсия бобати парвариши навъи дарахтон муроҷиат ба амал оварда шуд.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди хоҳишманд метавонад ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди токзор дар мавзеи Рухак муроҷиат намояд. Кумита ашхоси хоҳишмандро тавассути «Равзанаи ягона» ба қайд гирифта, барои бунёди боғ қитъаи замин ҷудо менамояд. Ногуфта намонад, ки токпарварон то моҳи феврали соли 2020 бояд заминро мавриди истифода қарор дода, ниҳолҳои токро шинонанд. Дар акси ҳол қарор дар бораи дода шудани қитъаи замин барои бунёди ток ё боғ бекор гардида, қитъаи замин ба дигар ашхос вобаста мегардад.

Соли 2019 зиёда аз 50 гектар токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо усули ангурпарвари моҳир ҳоҷӣ Неъмат дар Хоҷагии деҳқонии Кооперативи тиҷоратии ба номи Т.Қӯшатов, хоҷагиҳои инфиродии Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов ва мавзеи Рухак ба роҳ монда шудааст.

Рушди соҳаи токпарварӣ асосан аз истифодаи усулҳои замонавӣ ва самаранок, баланд бардоштани донишу таҷрибаи токпарварон ва дар амал истифода намудани онҳо вобаста аст.

Баҳодур Юлдошев, раиси ҶСК ба номи А.Ҷумъаев сафари худро чунин ёдовар шуд:

- Ҳангоми сафар мо бо ангурҳои токзори навбунёд, ки сифати баланд доштанд, шинос шудем. Инчунин, ман бо ангури навъи ҳусайнии нав ва шибирғонии самарқандӣ, ки ба минтақа мувофиқ будааст, аз наздик ошно гардидам. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем то соли 2020 дар хоҷагӣ 10 гектар токзор бунёд намоем. Ду нафар аз кишоварзи мо айни ҳол барои омӯхтани таҷриба дар шаҳри Турсунзода қарор доранд. Мо ният дорем, моҳи ноябр шинонидани ниҳоли токро оғоз намоем. Дар ин иқдоми мо худи Ҳоҷӣ Неъмат тасмим гирифтанд, ки моро роҳнамоӣ кунанд.

Дар поёни суҳбат Б.Юлдошев оид ба бунёди боғи интенсивии чормағз, ки ниҳолҳояш аз давлати Чилӣ ворид шудааст, сухан гуфт. Боғи чормағз дар 22 гектар бунёд шуда, шумораи ниҳол 9 ҳазор бехро ташкил менамояд. Мутахассиси соҳа, ки барои нигоҳубини ниҳолҳо аз давлати Туркия даъват шуда буд, зикр доштааст, ки ин намуд чормағз ба иқлими мо тобовар мебошад. Алҳол боғи мазкур ба ҳосиловарӣ оғоз намуда, пас аз калон шудани дарахтон ба даст овардани 50 - 60 килограмм ҳосил аз ҳар бех дар назар аст.

Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят имрӯз дар ҳудуди вилоят 9723 гектар токзор бунёд гардида, соли гузашта токпарварон ба миқдори 44 ҳазору 741 тонна ҳосили ангур ба даст оварданд. Бино ба маълумоти масъулин имсол ба санаи 1 - уми сентябри соли 2019 токпарварони вилоят 13833 тонна ангур истеҳсол намудаанд. Аз ин миқдор 170 тонна ангур ба давлатҳои хориҷа ба маблағи 22 ҳазор доллар содирот шудааст.

Дар вилояти Суғд бо усули мутахассиси моҳири токпарварӣ Ҳоҷӣ Неъмат дар майдони 50 гектар токзори нав бунёд шудааст.

Тибқи нақша соли 2019 дар вилоят бунёди токзори нав ба масоҳати 25 гектар пешбинӣ шуда, то 1 - уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи кишоварзон ташкили 5 гектар токзори нав амалӣ карда шудааст, ки 178 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. ҳамзамон, бо дурнамо барқароркунии ток ба масоҳати 55 гектар муқаррар шуда, айни замон 97 гектар токзор барқарор шудааст, ки 176, 9 фоизи нақша мебошад.

Мавриди таваҷҷуҳи хосаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дода шудани масоили рушди боғу токпарварӣ аз қабули «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020» аён аст. Тибқи барнома ҳамасола васеъ кардани масоҳати токзор, саривақт доир намудани чорабиниҳои мавсимӣ масалан, дар аввали баҳор буридани навдаҳо ва минбаъд шудгори қаторҳо, пошидани доруворӣ ва таъмини дарахтон бо об дар мадди назар аст.

 Барои рушди соҳа ташкили токзорҳои нав ва барқарор намудани токзорҳои кӯҳна, ки ба афзун гардонидани майдони токзор боис мегардад, боз ҳам бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи масъулини соҳа зарур мебошад. Масоили таъминоти об, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди боғ ва токзор масоилест, ки танҳо дар сатҳи давлатӣ метавон онро ҳал намуд. Аз ҷониби дигар, ҳавасмандии худи кишоварзон барои истеҳсоли ангур, ба роҳ мондани содироти он ба дигар давлатҳо инчунин, тариқи хушкмева ба содирот баровардани маҳсулоти соҳа зарур аст. Албатта, байни кишоварзон ин гуна дилгармиву ҳавасмандӣ дида мешавад. Таҷрибаомӯзӣ байни токпарварон низ имконият медиҳад натиҷаҳои беҳтарини амалияро дар ин самт ҷорӣ намуда, дар оянда рушди соҳа таъмин карда шавад.

Рушди устувори токпарварӣ аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ самаранок буда, он ба афзудани даромаднокӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, бо ҷои кор таъмин шудани аҳолӣ боис мегардад. Боз аз ҳама муҳимаш он, ки мардуми меҳнатқарини мо бо меҳнати софдилонаи хеш баҳри ободии диёр саъйу кӯшиш мекунанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh