Исфара: САМАРАБАХШИИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ – БЕҲДОШТИ ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ

Дар шаҳри Исфара бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ ва таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, алалхусус, самти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза вусъат пазируфта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоварад.

- Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Деваштич Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр намуданд, ки бояд дар самти истифодаи оқилонаву самараноки замин, зиёд намудани майдони боғу токзор, кишти картошка, таъсиси боғҳои дарахтони мевадиҳанда ба иқлим мутобиқ, аз ҷумла интенсивӣ, тухмии босифати картошкаву зироатҳои ғалладонагӣ, зиёд намудани ҳосилнокӣ ва таъминот бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шаванд, - мегӯяд сардори раёсати кишоварзии шаҳри Исфара Мирилёс Ҳамзаев. - Вобаста ба ин фаровонии бозори дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи он низ аз самараи заҳмати кишоварзон алоқамандӣ дорад.

Таҳлилҳо ва факту рақамҳо нишон медиҳанд, ки дастовардҳои кишоварзони шаҳри Исфара ба азму иродаи заҳматкашони дилсӯзу озодакораш тавъаманд. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ин минтақаи кишвари соҳибистиқлоламон, дар навбати аввал, аз ҳалли масъалаи оқилонаву самаранок истифода намудани заминҳои корам, минбаъд, аз фаъолияти мунтазами обрасонӣ, тухмиҳои сифатноку ба шароити иқлим мутобиқу серҳосил вобастагии муҳим дорад. Дар ин самт оқилонаву самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, бунёди боғу токзорҳои нав, соҳаи тухмипарварӣ ва чорводорӣ хеле муҳим ва заруранд. Воқеан дар соҳаи кишоварзии шаҳри Исфара, аз таҳлилҳо аён мегарданд, ки имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда хеле зиёданд. Дар заминҳои кораму обии ин ҷо зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо, картошкаву сабзавот, хӯроки чорво кишт карда, ҳосили фаровону таъминкунандаи дурнамо рӯёнида мешаванд.

Мегӯянд, ки шароит ва имконият нишондиҳандаи фаъолият буда, аз мутахассисон ва роҳбарони хоҷагиҳо, ҳар кишоварзи ба замину обу боғу майдон дилсӯзу меҳрбанди навгонӣ эҷодкорӣ, тозакориро тақозо менамояд. Дар ин росто раёсати кишоварзии шаҳр пайваста дар меҳвари фаъолият дар хусуси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин

ташкилотҳои болоии соҳа дар бобати кам намудани майдони кишти тирамоҳии ғалладонагӣ корбарӣ карда, ба ҷои он зиёд гардонидани замини картошка ва сабзавотро ба роҳ мондаанд. Чунончӣ, дар майдони беш аз 628 гектар кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10,5 гектар кам мебошад.

- Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли равон дар майдони 2839 гектар кишти баҳорӣ буда, аз он дар ҳолати имрӯза 5211,5 гектар кишти баҳории зироатҳо гузаронида шудааст, - мегӯяд Мирилёс Ҳамзаев.

- Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо 995,7 гектар, лӯбиёгиҳо 122,4 гектар, зироатҳои техникӣ 545,6 гектар, картошка 1001,8, сабзавот 479, полезиҳо 27,4 ва намудҳои хӯрокии чорво 582,7 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин замина сол аз сол замини кишти картошка дар Исфара зиёд мегардад. Соли равон дурнамо 1000 гектар буда, иҷрои он 1001,8 гектарро ташкил намудааст. Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 20 гектар буда, ба ҳолати имрӯза мувофиқи ҷамоатҳои деҳот дар майдони бист гектар таъмин гардидааст.

Умуман ба нишондоди кунунӣ аз замини 523,7 гектар 10530 тонна ҳосили хушсифату ба талабот ҷавобгӯй ҷамъоварӣ шудааст.

Исфара ва кишоварзони он дар парваришу ба даст овардани сабзавот, аз ҷумла, помидор дар вақтҳои пеш ҳам ва имрӯз низ номвару эътирофшуда мебошанд. Аз 369,5 гектар майдони помидор то ба имрӯз 9786 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 265 сентнериро ташкил медиҳад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» дар Исфара бомуваффақият татбиқи амалӣ гирифта истодааст.

Дар Ҷамоату шаҳракҳои Исфара 12 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, аз он 10120 гектар ба сектори ҷамъиятӣ мансуб аст. Боғ 9561 гектар дарахтони мевадиҳандаро дар домани худ ҷойгир намудааст, 302 гектар токзор дорад.

Дар самти навкориҳои вусъатпазир соли 2019 дар маҷмӯъ 46 гектар боғи нав бунёд карда шуда, ин самт дар меҳвари амалҳои ҷадид қарор дорад. Яъне соли равон 9 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида, ҳамагӣ майдони боғи интенсивӣ дар шаҳр 35 гектарро ташкил медиҳад. Азнавбарқароркунии боғоти кӯҳна ҷараён дорад, - фикри худро тақвият медиҳад Мирилёс Ҳамзаев. – Кишоварзони мо барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса медиҳанд ва аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ барои бунёди боғҳои замонавӣ ҷаҳду амал менамоянд.

Воқеан, кишоварзони Исфара дар соҳаи тухмипарварӣ маҳорату малакаи комил доранд. Тухмии картошкаи навъҳои серҳосилу хушсифат, гандумҳои тухмӣ – гурӯҳи элита ва 1 - уму 2 - юм харидорони зиёд пайдо кардаанд, ки ба миқдори 489 тонна пешниҳоди кишоварзони ҷумҳурӣ мегардад.

Соли равон аз ҷумла, сабзавот аз ҳар гектар 248,3 сентнерӣ, помидор 265, юнучқа 122,6, гандум – 51,2 ва ҷав 36,7 сентнериро ташкил додаст.

Самти фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарвари Чоркӯҳ» ва Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» ба афзунгардонии ҳосилнокии заминҳои Исфара мушаххасу сазовори дастгирист.

Азму суботи заҳматкашон – кишоварзон амалан ба тақвияти нерӯи содиротии маҳсулоти босифат ва бозоргир нигаронида шудааст.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh