Деваштич: Деҳқони соҳибтаҷриба чоҳи амудӣ бунёд кард

Дар деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич бо саҳмгузории роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шомурод Шомуродов” як чоҳи амудӣ кофта шуд, ки барои беҳтар шудани ҳолати мелиоративии 30 гектар замин мусоидат намуд.

Чоҳи амудиро роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Шомурод Шомуродов дар якҷоягӣ бо фарзандонаш аз ҳисоби пасандозҳои оилавӣ бо харҷи бештар аз 200 000 сомонӣ бунёд намуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани чоҳи мазкур ҳолати обёрии заминҳои чанд хоҷагии деҳқонии деҳа беҳтар гардид.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Деваштич якчанд иншоотро ба истифода супорида, мардумро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуданд. Мо дар пайравӣ ба иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳояшон аз ҳисоби пасандозҳои худ як чоҳи амудӣ кофтем, ки он ба мардум хизмат мерасонад, - иброз дошт зимни суҳбат Шомурод Шомуродов.

Ба иттилои номбурда аз оби чоҳи амудӣ ҳамчунин мардум чун оби нӯшокӣ низ истифода мебаранд. Бо назардошти дархости роҳбарияти бунгоҳи тиббии деҳа бунгоҳ низ бо об таъмин карда шуд. 

Ёдовар бояд шуд, ки деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич дар садкилометрии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, беш аз 3000 аҳолӣ дорад. Мардуми деҳа асосан ба заминдориву чорводорӣ, картошкапарварӣ ва ғаллакориву боғпарварӣ машғуланд.

Дар чанд вақти охир кофтани чоҳи амудӣ ва беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо ба анъанаи нек табдил ёфта, рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида истодааст. Саҳми хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа махсусан дар истеҳсоли картошка назаррас буда, ҳамасола садҳо тонна картошкаи хушсифат ба бозорҳои дохилӣ бароварда мешавад. Обёрии заминҳо бошад, бешак барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд.

Андар Раҳмонӣ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh