Ташкили ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи 5 октябр дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ ва кишоварзиро аз қабили орд, равған, шакар, картошка, пиёз, гӯшт, биринҷ, асал, тарбуз, себ ва анор пешниҳоди сокинони шаҳрҳои саноатӣ гардониданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти баргузории ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоятро мушоҳида намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбат намуд. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ярмаркаҳо пайваста ташкил карда мешавад, то мардум бо нархи дастрас маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ намоянд.

Ҷоизи зикр аст, ки ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ рӯзи якшанбеи 6 октябр низ гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh