Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи истеҳсолии “Имран-Суғд”

9 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан аз боғу токзори Кооперативи истеҳсолии “Имран-Суғд” боздид намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Кооперативи истеҳсолии “Имран-Суғд” дар мавзеи Зарнисор ҷойгир буда, дорои 173,7 гектар замин, аз ҷумла 74 гектар замини обӣ аст.

Аъзои кооператив дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон 35 гектар боғ ва 17 гектар токзор бунёд кардаанд. Боғу токзор бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, масъулин тасмим доранд дар масоҳати 2 гектар гармхона низ ташкил намоянд.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иқлими мавзеи Зарнисор барои кишти полезиҳо ва боғу токпарварӣ мувофиқ мебошад. Бо назардошти ин омил Раиси вилоят ба масъулини сохторҳои вилоятӣ, аз ҷумла Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки вазъи таъминоти мавзеъ бо оби полезӣ беҳтар карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh