Баракати ҳосил - аз меҳнати дилгармона

Ноҳияи Шаҳристон дар минтақаи баландкӯҳи шимоли Тоҷикистон ҷойгир буда, сокинонаш асосан ба кишти картошкаву сабзавот ва боғпарварӣ машғуланд.

Кишоварзони ноҳия сол то сол баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар ин ҷода майдонҳои кишти картошка ва мевагиҳоро зиёд намуда, саҳми хешро гузошта истодаанд.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаи кишоварзии ноҳия маълум гардид, ки соли равон хоҷагиҳои ноҳия ба номусодии ҳаво нигоҳ накарда, бо заҳмати пурмаҳсулашон ҳосили хуби картошка, сабзавот ва мевагиҳо рӯёниданд.

- Соли равон кишоварзони ноҳия бо умеди рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар масоҳати 1205,7 гектар кишти картошка гузаронида, бо вуҷуди серборишӣ дар аввали баҳору гармии зиёд дар тобистон ҳосили дилхоҳ рӯёниданд.

То 8 - уми октябри соли равон кишоварзон 22401,3 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар гектар 234 сентнерӣ рост меояд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар нисбат ба соли гузашта 65 - сентнерӣ зиёд аст.

Ҳосилнокии аз ҳама баланди картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Ниҳолпарварӣ» - и Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ба мушоҳида мерасад.

Деҳқонони ин хоҷагӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 404 - сентнерӣ ҳосил гириф- танд. Инчунин, дар ҷамоати мазкур хоҷагиҳои инфиродӣ 242 - сентнерӣ ва кооперативҳои истеҳсолии «Шаҳристон», «Ҷарқӯтан», ба номи Н.Содиқов, «Бураген» - 235 - сентнерӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Бунҷикат хоҷагиҳои инфиродӣ, Кооперативи истеҳсолии «Холдорқипчоқ» мутаносибан аз ҳар гектар 237 242,5 - сентнерӣ ҳосил гирифтанд, - гуфт зимни суҳбат иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи кишоварзии ноҳия Д.Ғайбуллоев.

 Ҳамзамон, мавсуф иброз намуд, ки хоҷагиҳои ноҳия соли равон дар майдони 38 гектар кишти зироати полезиро гузаронида, 760 тонна сабзавот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 295 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 200 - сентнериро ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли сабзавот саҳми хоҷагиҳои инфиродии ҳарду ҷамоат хеле назаррас мебошад. Ин хоҷагиҳои инфиродӣ дар маҷмӯъ 640 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Боғпарварони ноҳия то 8 - уми октябр беш аз 70 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Бояд зикр кард, ки ҳоло ҷамъоварии картошка, сабзавот ва мевагиҳо идома дорад. Бовар дорем, ки кишоварзони ин ноҳия баҳри фаровонии бозорҳои дохилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ҳиссаи хешро хоҳанд гузошт.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh