Раҷаббой Аҳмадзода: Афзунгардонии содирот - тақозои замон

Семинар – машварат

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода семинар - машварат ҷиҳати афзунгардонии содироти маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси вилоят оид ба соҳаи кишоварзӣ, намояндагони Сарраёсати кишоварзии вилоят, Кумитаи идораи замини вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, соҳибкор аз Федератсияи Россия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят ҳини суханронӣ изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон барои парвариши сабзавоту полезӣ бениҳоят мусоид мебошад.

Аз ин рӯ, бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру тамоюли содиротидошта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина паст намудани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва инчунин зиёдгардонии ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутахассисони соҳа дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ, ки ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, корбарӣ намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин замина аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» қабул гардидааст.

Ҳадафи баргузории ин машварат муайян намудани роҳу самтҳои афзун намудани истеҳсоли сабзавоту полезиҳо буда, дар ин асно масоили беҳтаргардонии вазъи молиявии хоҷагӣ, фаъолияти мунтазаму таъмини барномаҳои давлатӣ, инчунин васеъ намудани доираи бозори худ дар хориҷи кишвар баррасӣ гардид.

Раиси вилоят қайд намуд, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, маблағи умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 октябри соли 2019 зиёда аз 35 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз вилоят 53206 тонна сабзавот, аз ҷумла 53054 тонна пиёз, 15583 тонна меваҷот, аз он 4248 тонна меваи тар, 291 тонна ангур, 41 тонна тамоку, 159 тонна консерваҳо, 16490 тонна нахи пахта ва 153200 дона чарми хом содирот гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта содироти меваи тар 1416 тонна, ангур 18 тонна, тамоку 41 тонна ва чарми хом 39140 дона зиёд аст.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 379069,6 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ нисбат ба ҳаҷми умумии истеҳсоли сабзавот 44,7 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади афзун намудани иқтидори содироти соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини рушди соҳа соли ҷорӣ дар майдони 3980 гектар кишти пиёз гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят то санаи 1 октябри соли ҷорӣ 33542 тонна сабзӣ истеҳсол карда шуда, ҷамъоварии он идома дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо мақсади амалигардонии ҳадафи чаҳоруми миллӣ - ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар густариши ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорони дохиливу хориҷӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Пешниҳоди соҳибкорон аз шаҳри Москва ҷиҳати ба роҳ мондани хушконидани сабзавот, аз қабили сабзӣ, пиёз, лаблабуи сурх, каду ва ғайраҳо барои зиёд намудани потенсиали содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ қобили дастгирӣ мебошад.

Сергей Макаренко - соҳибкор аз Федератсияи Россия хоҷагидоронро барои ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани коркарди сабзавот, аз ҷумла хушконидани пиёз, сабзӣ, лаблабу, каду ва ғайра даъват намуд.

Дар машварат Раиси вилоят ҳамзамон бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, самаранок истифода бурдани замин, истифодаи гармхона ва сардхонаҳо, содироти ҳарчи бештари маҳсулот ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh