Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи Рухак боздид намуд

16 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи Рухак боздид намуда, барои азхудкунии заминҳои холимонада ва ташкили боғоти нав дар ин мавзеъ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Тавре зимни боздид таъкид карда шуд, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Масалан, тайи чанд соли ахир ҷиҳати истифодаи заминҳои бекорхобидаи мавзеи Рухак корҳои назаррас ба сомон расида, дар ин мавзеъ боғҳои гуногун бунёд гардид. Ба иттилои масъулин беш аз 1000 гектар замини мавзеи Рухак дар тавозуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 650 гектар дар тавозуни ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошта, то ин дам дар даҳҳо гектар боғи нав бунёд карда шудааст.

Аз ҷумла, дар 200 гектар замини дар тавозуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарордошта боғи бодом ва дар 131 гектар замини дар тавозуни ноҳияи Ҷаббор Расулов қарордошта боғоти гуногуну тутзор бунёд гардидааст.

Дар аснои боздид инчунин маълумот дода шуд, ки иқлими минтақа барои парвариши бодом, чормағзи амрикоӣ, хуч ва дигар ниҳолҳо мусоид буда, бо обёрии пурраи заминҳо имконият фароҳам мегардад, ки даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ ба масъулин дастур дод, ки барои беҳтар намудани ҳолати обрасонӣ, обёрии заминҳо, ҷалби соҳибкорон ҷиҳати бунёди боғҳои нав, инчунин тақсими замини дар фонди ноҳияи Ҷаббор Расулов қарордошта чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh