Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара

17 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Саховат” ва ба номи Суфро Боқиева шинос гардид.

Чуноне ҳангоми шиносоӣ мушоҳида гардид, аъзои хоҷагӣ дар қисме аз заминҳо ба ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла сабзӣ, шалғам, шолӣ машғул буда, дар заминҳои ҳосилашон ғундошташуда кишти такрорӣ гузаронида истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо кишоварзон онҳоро ба истифодаи оқилонаи замин ҳидоят намуда, иброз дошт, ки дар шароити куҳсор бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад. Таъкид гардид, ки кишоварзони Исфарамарз дар парваришу истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла меваҷоту гандум ва дигар зироатҳо таҷрибаи бой дошта, маҳсули дастранҷи деҳқонон  илова бар бозори дохилӣ дар хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бо ҷараёни сохтмони кӯдакистони хусусӣ, толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24, инчунин иншооти ҷашнии Ҷамоати деҳоти Ворух ошно гардида, барои вусъати корҳои ободонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh