Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Меҳргон рӯзи шанбеи 19 октябр дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар майдони назди Театри мазҳакаи-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташкил гардид, намояндагони навоҳии кишоварзии вилоят анвои гуногуни маҳсулотро аз қабили гӯшт, биринҷ, орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, ангур, анор, себ, асал, тарбуз пешниҳоди сокинон гардониданд.

Ба иттилои масъулини бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин рӯз зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ярмарка бароварда шуд ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо нархҳои нисбати бозор арзонтар маводи зарурии хешро харидорӣ карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти баргузории ярмарка шинос гардида, барои бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузоштани маводи ниёзи аввалия ба масъулин дастуру тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh