Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард

Рӯзи шанбеи 19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Баҳористон”, “Сомониён” ва “Бешариқ” боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ҷамъоварии “тиллои сафед” муташаккилона идома дошта, то имрӯз беш аз 18000 тонна пахта ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 13400 нафар саҳмдорону чинакчиён ба пахтазор баромада, баҳри ҷамъоварии беталафи ҳосил заҳмат мекашанд. Тибқи маълумоти фаврӣ дар ноҳия дар як рӯз зиёда аз 500 тонна пахта чида шуда, нақшаи пешбинишуда 69 дарсад иҷро гардидааст.

Раиси вилоят зимни суҳбату мулоқотҳо бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва саҳмдорону чинакчиён иброз дошт, ки бояд дастранҷи пахтакорон саривақту беталаф ҷамъоварӣ гардад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои ҳавасмандкунии чинакчиён тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Раиси вилоят пасон ба гуруҳе аз чинакчиёни беҳтарини хоҷагиҳо туҳфаҳо тақдим дошта, изҳори боварӣ намуд, ки пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро менамоянд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ “Ҷаъфар” ва “Ҳамро-2014” шинос гардид. Бино ба иттилои масъулин ҶДММ “Ҷаъфар” аз соли 2017 инҷониб фаъолият дошта, дар он 8 нафар ба кори доимӣ ва 8 нафар ба кори мавсимӣ таъминанд. Корхона бо 166 хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ дошта, дар мавсими имсола 938 тонна пахтаро барои коркард қабул намудааст.

Дар корхонаи “Ҳамро-2014” бошад 62 нафар сокинони маҳаллӣ ба таври мавсимӣ ва 11 нафар ба таври доимӣ фаъолият мебаранд. Иқтидори корхона ба коркарди 27 ҳазор тонна пахта баробар буда, то имрӯз 2160 тонна пахтаро қабул намудааст.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо бобати коркарди саривақтии пахта ва ҳавасмандсозии деҳқонон ба масъулин супоришҳо дода, ба як қатор коргарони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh