Якмаромӣ дар пахтачинӣ

Дар ноҳияи Спитамен маъракаи пахтачинӣ дар авҷ аст. Тибқи маълумоти фаврӣ, то санаи 20 - уми октябри соли равон дар ноҳия ҷамъоварии пахта аз аввали мавсим ҳамагӣ 9332 тоннаро ташкил додааст.

Дар ноҳияи Спитамен се корхонаҳои пахтақабулкунӣ: ҶСП «Деҳқон», ҶСК «Пахтаи Нов» ва ҶДММ «25 - солагии Истиқлолият» фаъолият доранд. Тибқи дурнамо дар ноҳия ҷамъоварии 13300 тонна «тиллои сафед» ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷамъоварии ҳосили пахта санаи 20 - уми октябри соли 2019 6202 нафар чинакчӣ иштирок намуданд, аз ҷумла саҳмдорон 2821 нафар, кормандони ташкилот 2608 нафар ва ёрдамчиҳо аз ҷамоатҳо 1136 нафар.

Дар чиниши пахта аз авввали мавсим АИО «Саидқӯрғон» аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо чиниши 86 фоиз, АИО «Сатторов» аз Ҷамоати деҳоти Тағояк бо чиниши 83 фоиз, АИО ба номи Т.Ӯлҷабоев аз Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев бо чиниши 82 фоиз пешсаф мебошанд. АИО «Бобоев» аз Ҷамоати деҳоти Тағояк 76 фоиз, АИО «Тоҷикистон» аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол 76 фоиз ва ҶДММ «Спитамен - Текстайл» 69 фоиз ҳосил ҷамъ намудаанд. АИО ба номи Б.Аҳмадалиев 66 фоиз, АИО «Андарсой» 68 фоиз ва АИО «Зарзамин» 50 фоиз «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар ҳақиқат, обу ҳавои мусоид барои ҷамъ намудани маҳсули меҳнати кишоварзон, ғанимат шуморидани ҳар соату ҳар рӯзи офтобии фасли тирамоҳ ва беталаф ҷамъ овардани боигарии асосии давлатамон – «тиллои сафед» барои кишоварзон ниҳоят муҳим аст. Зимнан боиси хушнудист, ки кормандони идораву ташкилот ва муассисаҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ ва чинакчиён аз ҷамоатҳо барои деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосил кӯмак менамоянд.

Ин бори дигар иттифоқу иттиҳод будани миллати баору номуси тоҷик, дӯстиву рафоқат ва якдиливу якмаромии моро нишон медиҳад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh