Қадрдонии меҳнати шоиста

Ҷамъбасти 20 - рӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти 20 - рӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори вилоят дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар он раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, пешқадамони соҳаҳои хоҷагии халқ иштирок доштанд.

Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин қайд намуд: - Барои муваффақ гардидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар давраи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ҷойи якум насиби заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид, ки дар ин давра 8477 тонна ё баробари 46,6 фоизи дурнамои солона ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Ноҳия бо вимпели сайёр ва мукофоти пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Соҳиби ҷойи дуюм ноҳияи Ашт дониста шуд, ки пахтакорони ноҳия дар ин давра 6552 тонна ё баробари 45,3 фоизи дурнамои солона «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд. Fолибони ҷойи дуюм бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ҷамоатҳои пахтакори вилоят Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ғолиб дониста шуд, ки дар ин давра 1175 тонна пахта истеҳсол ва дурнамои солонаро 60,3 фоиз таъмин намуданд. Аҳли меҳнати ҷамоат бо вимпели сайёр ва мукофотпулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, чинакчиёни пешқадам Қумрӣ Имомова аз ноҳияи Ашт, Амирҷон Тоҷиев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулшаной Нарзуллоева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Фирӯза Муқимова аз ноҳияи Зафаробод, Мастона Шодиева аз шаҳри Конибодом, Тӯтинисо Зуҳурова аз ноҳияи Мастчоҳ, Мавҷуда Юлдошева аз ноҳияи Спитамен бо мукофотпулӣ тақдиронида шуданд.

Хамчунин, Муродбой Мирзоев - механизатор аз Хоҷагии деҳқонии «Фарҳод дарё» - и ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 150 тонна дурри гаронбаҳоро ҷамъоварӣ намуд, ғолиби мусобиқа ва механизатори беҳтарин дониста шуд.

Туҳфаҳоро ба ғолибон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тақдим ва зикр дошт, ки сол аз сол афзун намудани майдони кишти пахта, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи пахтакорӣ буда, мақсад аз он таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, соли 2019 масоҳати кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ба 58454 гектар расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 1260 гектар зиёд мебошад.

Пахтакорони вилоят азм доранд, соли равон наздик 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд ва бо таъмини иҷрои уҳдадорӣ хирмани “тиллои сафед” - ро ба 150 ҳазор тонна расонанд.

 Ба санаи 21 - уми октябр ба хирмани вилоят зиёда аз 94 301 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки 73,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Барои бунёди ин хирман кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Мастчоҳ саҳми бештар гузоштаанд. Онҳо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна баробари 2,2 - 2,8 фоизи дурнамо пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони мусобиқа мебошанд.

Дастур дода шуд, ки ба ҳар кило пахта ба даври сеюми мусобиқаи пахтачинӣ 1 сомонӣ пардохта шавад.

Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ғолибонро табрик намуд.

Тибқи маълумоти бодуҳавосанҷӣ, дар моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво барои суръат бахшидан ба корҳои ҳосилғундорӣ хеле мусоид мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчӣ тезтар ҷамъ овардани ҳосил кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Дар охир Раиси вилоят ба раисону шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дод, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва таъмини саривақтии дурнамои истеҳсоли он ва уҳдадориҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh