Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дурнамо иҷро, раванди татбиқи ҳадафҳо устувор аст

Санаи 13 –уми ноябри соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ намуда, аз хоҷагии деҳқонии ҶС ба номи А.Ҷумъаев ва бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал аз Ҷамъияти саҳомии ба номи А.Ҷумаев боздид намуда, бо чинакчиён ва кишоварзони ноҳия ҳамсуҳбат шуда, онҳоро бо ғалабаи меҳнатӣ, ки нақшаи дурнамои пахтаро барзиёд ба иҷро расониданд, табрик намуд.

Қайд гардид, ки кишоварзони ҶС ба номи А.Ҷумъаев соли равон дар майдони 2565 гектар пахта кишт намуда, бо истеҳсоли 3153 тонна «тиллои сафед» нақшаи пешбинишударо иҷро намуданд. Дар замини пахтазор Раиси вилоят ба чанде аз чинакчиёни пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз аз заводи пахтатозакунии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Зафариён» боздид намуда, бо ҷараёни коркарди пахта ва истеҳсоли чигиту равған шинос шуд. Гуфта шуд, ки дар мавсими имсола 4800 тонна пахта захира гардида, коркарди он 3400 тонна мебошад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти ҷамъияти мазкур изҳори қаноатмандӣ кард ва ба як қатор пешқадамон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Сипас, Раиси вилоят аз рафти кори заводи коркарди пахта ва истеҳсоли равған дар ҶДММ «Юсуф - саркор» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки то санаи 12-уми ноябри соли 2019  даромади пахтаи хом 5323 тонна ва коркарди пахтаи хом 4 ҳазору 100 тонна захира шудааст.  Пас аз суҳбат бо пешқадамони соҳа ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдим гардид.

Ҳамчунин, зимни суҳбат муовини аввали раиси ноҳия Фаррух Абдуллозода қайд намуд, ки кишоварзони ноҳия иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтаро сарбаландона таъмин намуданд, ки ин ҳама самари дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мебошад. Ҳамарӯза ситоди ноҳиявӣ кори худро дуруст ба роҳ монда, дар натиҷа ба санаи 13-уми ноябри соли 2019 ба ҷои 18200 тоннаи нақшаи дурнамо ба миқдори 18233 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда шуд. Ҳоло дар пахтазори ноҳия ҳосил зиёд аст, бинобар бо таҳлилҳои мутахассисон наздик 800 тоннаи дигар ҷамъ оварда, ба хирмани давлат ҳамроҳ мешавад.

- Тибқи дурнамо кишти пахта дар 8200 гектар гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 400 гектар зиёд мебошад. Дар натиҷаи обу ҳавои номусоиди аввали баҳор ва боришоти зиёд дар 1600 гектар дар ноҳия кишти дуюмбора гузаронида шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, кишоварзони ноҳия рӯзи мусоидро истифода бурданд, коркарди иловагӣ, озуқадиҳии мунтазам, обдиҳии шабонарӯзиро ба роҳ монданд, ки тирамоҳи имсола мусоид барои пахтачинӣ шуд ва ҳосили пахта нисбат ба солҳои пеш зиёд гардид. Ҳисоби миёнаи ҳосилнокӣ дар ноҳия 22,3 сентнерӣ аз ҳар гектар мебошад, ки дар қиёс бо соли гузашта 2,2 сентнерӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта нисбат ба соли гузашта дар маҷмуъ 16200 тонна, аз соли соли 2018 2 ҳазор тонна зиёд мебошад,- гуфт дар суҳбат Фаррух Абдуллозода.

Тибқи дастуру супоришоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти ноҳия барои зиёд  намудани ҳосил ҳамаи имконият, аз ҷумла нуриҳои минералӣ, коркарди иловагӣ, шудгори босифат ва обёрӣ мавҷуд буда, дар оянда ният дорем, ки ҳосилро аз ҳар як гектар боз аз ин ҳам афзун гардонем.

Дар фарҷоми сафари кории хеш Раиси вилоят ба роҳбарону масъулини сохторҳои марбутаи соҳа дастур дод, ки дар ноҳия барои зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта ҳамаи имкониятҳо мавҷуд мебошад. Дар бобати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият дар раванди коркарди пахта, робита бо пахтакорон таъкид дошт, ки барои беҳтар гардонидани шароити кориву пардохти ҳаққи музди маоши кормандон ва боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh