Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи шанбеи 16 ноябр дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини фаровонии дастархони мардум ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил шуда, аз тарафи кишоварзону корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Шаҳристон, Мастчоҳ, Конибодом, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ,Бобоҷон Ғафуров даҳҳо тона маҳсулот пешниҳоди сокинони шаҳрҳои саноатӣ гардонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар майдони назди Театри мазҳакаи-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷараёни баргузории ярмарка дар маркази вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузоштани маводи ниёзи аввалия ба масъулин дастуру тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh