Таъмини иҷрои нақшаи пахтасупорӣ

Заркорони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов иҷрои дурнамои имсоларо 100 - фоизӣ ба иҷро расониданд. Бино ба иттилои А.Маҳмудзода - намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят, кишоварзони ноҳияҳои Спитамен уҳдадор шуда буданд, ки соли равон 13 300 тонна ва Ҷаббор Расулов 12900 тонна ба хирмани вилоят пахта супоранд.

Деҳқонону механизаторон, обмону саҳмдорони ин ноҳияҳо соли равон кишти пунбадонаро гузаронида, бо нигоҳубину парвариши хубу риояи ҳамаҷонибаи агротехникӣ ҳосили фаровон рӯёниданд. То ба санаи 18 ноябр дар маҷмӯъ деҳқонони ноҳияи Спитамен наздик 13 ҳазору 350 тонна ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 ҳазору 900 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда, нақшаро барзиёд иҷро намуданд.

 Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф имрӯзҳо дар ноҳияҳои дигари пахтакор, аз ҷумла Зафаробод (94,3 фоиз) Мастчоҳ (93,8 фоиз) ҷамъоварии пахта давом дорад. Дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят мавсими пахтачинӣ ҷараён дошта, ба санаи 18 ноябр ба хирмани Ватан ба миқдори 127 ҳазору 697 тонна, яъне 98,7 фоизи нақша дурри гаронбаҳо ворид гардид.

М.САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh