Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд

Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта барои соли 2019-ро 100 фоиз иҷро намуда, ба хирмани Ватан 129 ҳазору 59 тонна “тиллои сафед” супориданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ то 20 ноябр нақшаи пешбинишуда пурра иҷро гардида, нақшаи солона дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 105,3 %, Ашт 108 %, Бобоҷон Ғафуров 101 %, Ҷаббор Расулов 100,6 фоиз, Зафаробод 96 %, Мастчоҳ 95,6 % ва Спитамен 101% иҷро гардидааст.

Чиниши пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят идома дошта, кишоварзон тасмим доранд, ки ҳосили боқимондаро низ пурра ҷамъоварӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh