Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

4 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дорои 563 гектар замин буда, олимони соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ба парвариши ниҳолҳо, ток ва сабзавот машғуланд. Филиали мазкур дар баробари омодасозии навъҳои нави ниҳолҳои мевадиҳанда барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ниҳолҳои гуногунро барои ташкили боғҳои нав пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир дар филиал 10 000 бех ниҳолҳои қадпаст барои бунёди боғи интенсивӣ ва 20 000 бех ниҳолҳо барои бунёди боғҳои анъанавӣ омода гардидааст.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати бештар парвариш намудани ниҳолҳо дастур дода, иброз дошт, ки бо истифодаи самаранок аз иқтидорҳои мавҷуда метавон ҳаҷми истеҳсоли меваро афзоиш дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти омодасозии ниҳолҳо ба мавсими нави ниҳошинонӣ дар хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов ошно гардида, барои истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти ниҳолпарварӣ ва ба назар гирифтани иқлими минтақаҳо дастуру тавсияҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин ба мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, рафти корҳои саҳроиро дар Кооперативи тиҷоратии “Самир Суғд” мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар кооперативи мазкур шудгор ва омодасозии замин барои бунёди боғоти нав идома дошта, илова бар техникаҳои кишоварзӣ 50 нафар машғули тахту ҳамворсозии замин ҳастанд.

Тибқи иттилои масъулини кооператив муассисон тасмим доранд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар наздик 700 гектар замини мавзеъ, ки солиёни зиёд бекорхобида буд, боғҳои нав ташкил намоянд.

Раиси вилоят аз тасмими аъзои кооператив хуш истиқбол карда, таъкид намуд, ки боғпарварӣ аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб ёфта, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар бозори минтақа харидорони зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки боғҳои навро бо омӯзиши талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бунёд созанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия Раиси вилоят бо фаъолияти фермаи моли калони шохдори Кооперативи тиҷоратии ба номи Бобоҷон Мақсуд шинос шуд. Дар фермаи мазкур 331 сар моли калони шохдор нигоҳубин карда мешавад ва аъзои кооператив барои таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва шир заҳмат мекашанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh