ЗАМИН - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Мувофиқи моддаи 13-ум, боби 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Замин ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самаранокии онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Заминро самаранок, оқилона ва мақсаднок бояд истифода бурд. Аз ин ру, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қонуншиканиҳо, аз ҷумла худсарона ишғол намудани қитъаи замин, сохтмони иншоот бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ғайримақсаднок истифода бурдани замин ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин даст назананд.

Шаҳрвандон бояд дониши ҳуқуқӣ дошта, қонунҳоро риоя намоянд. Тибқи моддаи 42, боби 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин самт баҳри пешгирии қонуншиканиҳо ва таъмини волоияти қонун якчанд амалиётро ба сомон расонд.

Натиҷаи таҳлилу ҷамъбаст аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов нишон дод, ки дар давраи сипаригардидаи соли 2019 баҳри бартараф намудани сабабу шароитҳои ба қонунвайронкунӣ мусоидаткунанда ба унвони раиси ноҳия ва ҷамоатҳо 10 пешниҳод ва 14 амр ирсол гардид. Ба 15 қарори ғайриқонунии раиси ноҳия 13 эътироз оварда шуд. ҳамчунин 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 11 парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 338, як парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба хариду фурӯши замин ва бо ин роҳ тасарруф намудани амволи ғайр бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 парвандаи ҷиноятӣ бо 3381 қисми 2 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин самт дар оянда низ фаъолиятро ҷоннок хоҳад кард.  

С.БОБОЗОДА,
ёрдамчии прокурори ноҳияи
Ҷаббор Расулов, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

Add comment


Security code
Refresh