Кишоварзӣ: тадбирҳои самаровар ва натиҷаҳои амалӣ

Истифодаи замин дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизои аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд самаранок истифода бурдани замин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор, умуман кишоварзон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Алалхусус, пахтакорони вилоят дар соли ҷашни бисту панҷ солагии Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар аз замини кишти пахта назар ба солҳои пеш ҳосили афзунтаре рӯёниданд. Вобаста ба ин масъала мухбири рӯзнома бо мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода суҳбате дошт, ки муҳтавои он пешниҳод мешавад.

- Дастоварди аҳли заҳмати вилоятро Шумо чун мутахассиси соҳа дар соли равон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Аввалан бояд бигӯям, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши маҳсулоти он дар мамлакат, албатта дар вилоятамон низ ислоҳоти замин роҳандозӣ гардид. Ин тадбир яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишварамон дар ҷодаи таъмини ғизоист, пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, муҳайё намудани шароити низоми истифодаи замин, ташкили шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ҳифз ва самаранок ба кор бурдани он мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳар ноҳияи кишоварзии мо ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин мусоидат намуда истодаанд. Деҳқонони пахтакори вилоят имсол тавонистанд, нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намоянд. Албатта, ба ин натиҷа беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин бо роҳи зиёд кардани замини кишти пахта боис шуд. Маълумот шаҳодат медиҳанд, ки барои ҳосили пахтаи соли 2019 - ум масоҳати заминҳои корами обӣ ба 58454 гектар расонида шуд, ки ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 1260 гектар зиёд мебошад.

- Чунин натиҷа ва рақами воҳидро чӣ хел ташреҳ додан мумкин аст?

- Ҳар ноҳияи пахтакори вилоят аз захираву имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, дар бобати афзунгардонии масоҳати замини кишти пахта тадбирҳои амалиро муваффақона анҷом доданд. Дар натиҷаи васеъ намудани масоҳати кишти пахта назар ба соли гузашта дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров - 400 гектар, Мастчоҳ - 313, Зафаробод - 298, Спитамен -182, Ҷаббор Расулов - 99, Ашт - 20, Конибодом - 4 гектар ба амал бароварда, дар асоси талаботи пахтакориву агрономӣ таъмин карда шуд. Чуноне мақоли халқӣ мегӯяд, «Аз бисёр натиҷа шавад саодатбор» - ҳосили пахтаи парваришкардаву ҷамъовардаи кишоварзон дар ин соли ҷашнҳои таърихӣ - солгарди Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Бахтномаи Ватану миллат, ба ифодаи деҳқонӣ, «тарозубардор» шуда, ба ҳолати 1 - уми декабр ба 129301,9 тонна расид, ки ин 100,2 фоизи дурнамои пешбинигардидаро таъмин кард. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта 18263,3 тонна зиёд мебошад. Бо итминони комил изҳор менамоям, ки ба ин муваффақият дастуру супоришҳои дар ҷараёни сафарҳои кории ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба ноҳияҳои пахтакор баёндоштаи муҳтарам Президенти маҳбубамон асос гузоштаанд ва илҳоми кору меҳнати шоиста зам намуданд.

- Заминаи асосии ҳосилрасонӣ, кишту парвариши тухмиҳои хушсифати чигит ва иқдому тадбирҳо бо чӣ шаҳодат медиҳанд?

- Дар соҳаи пахтакорӣ дар бобати амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокии ҳар гектар замин ва ба ин васила афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон, бо ашёи хом таъминсозии корхонаҳои саноати сабук корбарӣ карда, марҳала ба марҳала тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Ҳамаи ин роҳи васеи амалӣ шудани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, замин ва шаклҳои нави хоҷагидориро босамар нишон медиҳанд.

Ба ҳар кор, пеш аз ҳама, аз нуқтаи назари иқтисодӣ бояд муомилаву муносибат намуд. Рақамҳои хароҷот ва фоидаи заҳмат чун мизони зиндагӣ ҳамеша дар назаранд, моро ба навкориву навҷӯӣ ва ташаббус роҳнамоянд. Аммо рақамҳои фоидаи моддие, ки аз меҳнат пайдо мешаванд, ба навъҳои серҳосилу ба шароити иқлим тобоваранд, аз ҷумла навъҳои чигити сара алоқаманд донистан равост.

Ба ин маънӣ, аз чигити сара пахтаи тарозубардору харидоргир гуфтаанд. Соли равони ҳосилрасонӣ дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят асосан навъҳои «Хуҷанд - 67» дар 4391 гектар, «Ориёӣ» - 7724, «Неъмат» - 1744, «Ирам» - 2076 гектар кошта шуд. Инчунин, навъҳои хориҷиву санҷидашудаи «СД - 406» дар масоҳати 1642 гектар, «Синюйза» - 5169, «Флеш» - 6929, «Глория» - 2946 ва «Дӯстӣ» - 5554 гектар кишт гардида, мувофиқи матлаб парвариш карда шуданд.

- Кадом иқдомоти ҷадид, ба фикри Шумо, дар самти асосии беҳдошти сифати пахта, харидоргир будани ашёи хоми саноатӣ зарур аст?

- Пеш аз ба ин савол посух гуфтан мехоҳам, изҳор намоям, ки ҳоло дар вилоят 25 ҷамоати пахтакор ва зиёда аз 12 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ дурнамои пешбинишударо таъмин карданд.

Афзунгардонии ҳосили пахтаи имсола дар ноҳияҳои Мастчоҳ – 6064,7 тонна, Бобоҷон Ғафуров -2591, Спитамен 2296,7, Ашт - 1848, Зафаробод – 1691, Ҷаббор Расулов 1518 тоннаро ташкил намуд, ки ин рақамҳо ва нишондодҳо аз ҷаҳду азму суботи заҳматкашони пахтапарвар вусъати дастовардҳоро бозгӯй мебошанд. Яъне, кишоварзони вилоят аз шароити обу ҳавои мусоид истифода бурда, кишти пунбадонаро дар муҳлатҳои хуби оптималӣ гузарониданд. Ин як василаи фаровонҳосилист. Вале аз сабаби паст омадани обу ҳаво ва боришоти зиёд дар даҳаи сеюми моҳи апрел ва аввали моҳи май дар миқёси вилоят дар зиёда аз 8 ҳазор гектар кишти дубораи чигит гузаронида шуд. Танҳо бо кордонӣ ва таҷрибаи бои пахтакорӣ, малакаву маҳорати деҳқонӣ домони заминҳои корам, пахтазорони ноҳияҳои пахтапарвар ҳосил фаровону дилхоҳ гардид. Ин мактаби хоси пахтакорони моро пурмаънову устувор нишон медиҳад: агар бо фоиз шарҳ диҳем – ноҳияҳои Ашт - 108,9 фоиз, Конибодом – 105,3, Спитамен - 101,8, Бобоҷон Ғафуров - 101, Ҷаббор Расулов - 100,6 фоиз иҷрои нақшаро таъмин намуданд. Ду ноҳияи бузурги пахтапарвар - Зафаробод ва Мастчоҳ нақшаи пахтасупории имсоларо мутаносибан ба 96 ва 95,6 фоизӣ расониданд.

Ҳаҷми умумии ҳосили ғундоштаву супурдаи ин ноҳияҳо дар атрофи 29193 ва 25322,7 тоннаро ташкил медиҳад. Дар шароити пахтакории ин ноҳияҳо чунин натиҷаҳо мизони пуртақдири заҳмату азму кӯшишҳои вусъатпазиранд.

- Ниҳоят, хулоса карда гӯем, ки замин соҳибашро ёфт. Самти асосии беҳдошти ҳаҷм ва сифати пахтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кадом мавқеъ қарор доранд, пешрафти кор ба чӣ вобаста мебошад?

- Бале, хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби замину зироатпарвар шуданд. Хоҷагии деҳқонӣ барои аъзояш худ ҳама чиз аст. Аммо, пеш аз ҳама онро эъзози замин бояд бигӯем. Дар натиҷаи ин меҳнат сарчашмаи асосии зиндагонии хурду бузургсолон мегардад.

Худи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ - дар умум пахтакорон инро бо далелу рақамҳо шарҳ медиҳанд ва ба ин муътақид ҳам ҳастанд.

Хулосаи ҷавоби саволатонро чунин иброз медорам: – Дастгириҳои пайвастаи Раиси вилоятамон барои пахтакорон бо нияти нек шароити меҳнати деҳқонони пахтапарвар хубтар шуд, онҳо рӯҳбаландона дар саҳро меҳнат карданд. ҳама медонем, ки дар натиҷаи ниҳоӣ чигитҳои сараву аълосифат файзбахши заҳматҳо дониста шуданд. Итминони комил дорам, ки пахтакорони вилоят солро хубу фараҳбахш ҷамъбаст намуда, мавсими ҳосилрасонии соли 2020 - ро бо иродаи қавию нияти нек оғоз мекунанд. Гуфтаанд, ки пахтакорон бо замину обу ҳосил тавъаманду ҳар деҳқон бо кор банд аст, умед бар оянда фараҳманд аст.

- Барои суҳбату таҳлилҳои воқеӣ аз Шумо сипосгузорам.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh