Заминҳои мавзеи Рухакро самаранок истифода барем!

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд барои бунёди боғу токзорҳои нав чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин замина дар заминҳои мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди боғҳои нав бомаром идома дорад.

Санаи 8 - уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои ниҳолшинонӣ дар ин мавзеъ шинос гардид.

Дар минтақаи Рухак бештар аз 1000 гектар замини ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов мавҷуд буда, бунёди боғу токзорҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯз бо иштироки кормандонӣ касбу кори гуногуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дар минтақа бунёди боғ бо усули обёрии қатравӣ сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмондаи минтақаи Рухак ба роҳ монда мешавад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин минтақа боғу токзорҳои нав бо усули обёрии қатравӣ дар майдони 700 гектар бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаи серҳосили анор, чормағз, бодом, гелос, зардолу ва хуч бунёд хоҳад гашт. Бештар аз шаш ҳазор дарахти анори серҳосил ва ба иқлими ин ҷо мутобиқ аз минтақаи Рашт оварда шинонида шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулини Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати кишоварзиро вазифадор кард, ки бунёди боғу токзорҳои навро ҳарчи тезтар ба анҷом расонида, масъалаи таъминоти оби полезиро низ дар муддати кӯтоҳ ба пуррагӣ ҳал намоянд. Барои бо симтӯр иҳота намудани ҳудуди боғ ва аз ҳайвонҳо эмин нигоҳ доштан масъулин вазифадор шуданд.

Раиси вилоят ба роҳбарони ниҳоди дахлдор тавсия дод, ки дар ин боғи нав аз ноҳияи Зафаробод як миллион бех ниҳоли хуч оварда, шинонида шавад.

Ба иттилои Директори маркази илмии кишоварзӣ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои кишоварзӣ Далер Бобоев ниҳолҳои шинонидашудаистода, аз минтақаи ҷануби кишвар буда, ба иқлими мавзеи Рухак мутобиқ аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Cуғд»

 

Add comment


Security code
Refresh