Захираи маҳсулоти кишоварзӣ кофист?

Агар захираи як - дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар хона як роҳи таъминот бошад, дар ҳаҷми калон захира намудани маҳсулот дар анборҳо, яхдон, сардхонаҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон ва аввали баҳор то истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии нав нақши асосӣ дорад.

Дар вилояти Суғд барои захираи маҳсулот беш аз 30 адад яхдон, сардхона, беш аз 100 анбори калон ва ба миқдори зиёд анборҳои хоҷагиҳои деҳқонию шахсони алоҳида истифода мешаванд. Ғалла, картошка, якчанд номгӯи сабзавот, меваю ангур дар ин анборҳо ва сардхонаҳо захира карда, марҳала ба марҳала, аз охири тирамоҳ сар карда, дар зимистон ба бозори истеъмолӣ бароварда мешаванд. Ин омили асосии дар давраи зимистон дастрасӣ доштан ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, ин захираҳо имкон медиҳанд, ки то фасли баҳор ва марҳалаи минбаъда низ бозор бо маҳсулоти зарурӣ таъмин шавад. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории картошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода мешаванд. Дар ин гуна анборҳо таркибу сифати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба гуфти муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Деваштич Абдумалик Ҳодиев дар ноҳия зиёда аз 120 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Захираи он бошад, то имрӯз 55 ҳазор тоннаро дарбар мегирад, ки аз ин наздики 5 ҳазор тоннааш картошкаи тухмӣ мебошад.

Дар ноҳияи Шаҳристон барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Бунёди ингуна сардхона бо риояи талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Бино ба гуфти Иброҳим Мутуллозода, сардори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бо маблағгузории мутамаркази Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сардхонаҳо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст.

- Мо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамоем ва ин ба мо имкон медиҳад, то маҳсулотҳои кишоварзиро арзон ва инчунин бо сифат захира намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ мусоидат кунем, - гуфт И.Мутуллозода.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира шавад.

Директори ин муассиса Толиб Ҳасанов дар суҳбат гуфт, ки сардхонаро дар се марҳала истифода мебарем. Алҳол барои давраи зимистон нигоҳдории меваю сабзавотро барои хуб нигоҳ доштан ва бо меваҳои тару тоза таъмин намудани бозори дохилӣ истифода бурда истодаем. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи зимистон бозорро таъмин намуда, даромади хуб гирем.

Бино ба гуфти номбурда, ба миқдори 110 тонна себ, анор, ангур ва сабзӣ захира ва ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, боқимонда 15 тоннаи ингуна маҳсулот дар сардхона нигоҳдорӣ мешавад.

Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки имрӯз захира кофист. Сифати маҳсулот низ хуб нигоҳ дошта шудааст. Онҳо метавонанд, то моҳҳои апрел хусусиятҳои худро нигоҳ доранд.

Дар вилоят ҳоло як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки барои нигоҳдории ҳаҷми калони маҳсулот ва содироти меваю сабзавот пешбинӣ шудаанд.

Хулоса метавон гуфт, ки чунин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, дар мавсими сармо кормандону мутахассисони ин соҳа баҳри хизматрасонии хуб ва бо сифати баланду нархҳои нисбатан арзонтар пешкаш намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум минбаъд низ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh