САРСАБЗИИ ДИЁР РИСОЛАТИ ҲАР ИНСОН АСТ!

Дар ярмарка беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ пешниҳод гардид.

Чорабинии калони кишоварзону боғдорон ва сокинони вилоят ярмарка – фурӯши ниҳол, тухмӣ ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 15 - уми феврали соли 2020 дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо рафти ярмарка аз наздик шинос шуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров барои ободу зебо намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои марказӣ супориш дод. Дастур дода шуд, ки аз гулу буттаҳои деҳқонон ва сокинони вилоят, ки ба фурӯш баровардаанд, пурсамар истифода бурда шавад.

Ҳамчунин, Раиси вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостонӣ масъулини шаҳри Панҷакентро ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз вазифадор намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят маслиҳати олимони соҳаи кишоварзиро барои бунёди боғу токзорҳои нав ва интихоби ниҳолҳои серҳосили мутобиқ ба иқлим бештар истифода баранд.

Пешниҳоди миқдори зиёди навъу намунаҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишиву ҳамешасабз, тухмӣ, гулу буттаҳо имкон медиҳад, ки беҳтарин навъҳо интихобу харида, боғҳои нав бунёд шаванд. Шаҳру деҳот, майдону хиёбонҳо, шафати роҳҳо, ҳудуди муассиса, мавзеъҳои зист обод гарданд.

Бино ба иттилои масъулин, дар ярмарка хоҷагиҳои деҳқонӣ, оилавию инфиродӣ, гулпарварони номӣ, дӯстдорони шуғлҳои боғпарварию сабзкорӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳол, гулу бутта ва намунаҳои тухмиҳои зироат, сабзавот, полезӣ ва гулҳои ороиширо пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар ин маъракаи муҳим хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят ширкати фаъол доштанд ва дар баробари навъу намудҳои мухталифи ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ растаниҳои шифобахши табииро низ пешниҳод карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз дастранҷи боғдорони ноҳияи Зафаробод ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки ниҳолҳои хучро аз хоҷагии ниҳолпарварии ин ноҳия харида, парвариши онро ба роҳ монанд.

Тибқи иттилои Зариф Шукуров - директори КВД хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод имрӯз хоҷагӣ парвариши ниҳоли хучро ба роҳ мондааст, ки теъдодаш ба зиёда аз 400 ҳазор мерасад. Меваи ин ниҳол шифобахш буда, корхонаҳои фармасевтӣ ҳар сол онро аз хоҷагӣ харидорӣ менамоянд. Мо мақсад дорем, шумораи ин ниҳолро зиёд ва шаҳру ноҳияҳоро бо ниҳоли хуч таъмин намоем, - гуфт номбурда.

Манам деҳқон, замин - кошонаи ман

Бо иқдому ҳидоятҳои Пешвои миллат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар асоси барномаҳои рушди боғу токпарварӣ масоҳати боғу токҳои мевадиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят афзун гардид, ки ин заминаи зиёд гардидани истеҳсоли меваҷот ва таҳкими потенсиали содиротӣ мебошад.

Масалан, дар хоҷагиҳои ноҳияи Ашт дар баробари рушди боғдорӣ усулҳои наву интенсивии бунёди боғҳо амалӣ мешаванд.

Рафтор Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт иброз дошт, ки боғпарварӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони ноҳия ба сарсабзии ҳар як гӯшаи кишвар, пешрафту ободии диёр, фаровонии дастархони мардум мусоидатгаранд. Дар ярмаркаи имрӯза зиёда аз 3 ҳазор ниҳоли мевадиҳандаи гуногунро аштиён манзури харидорон гардонданд. Соли ҷорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои ниҳолпарвар беш аз 140 ҳазор бех ниҳоли гуногун, ки аз ин 75 ҳазораш зардолуи серҳосил аст, нигоҳубин ва парвариш мешаванд.

- Алҳол майдони боғ дар ноҳия беш аз 18 ҳазор гектар буда, соли 2019 - ум 20 ҳазор тонна меваҳои гуногун истеҳсол ва 3 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот шуд, - илова намуд Р.Муҳаммадиев.

Бо афзоиши талаботи бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ қабули стандартҳои нави мева ва шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар баробари зиёд кардани ҳаҷми мева пешниҳоди он бо сифати баланди бозори ҷаҳонӣ зарур аст. Аз ин рӯ, дар мамлакат, аз ҷумла дар вилоят ташкили боғҳои интенсивӣ зиёд хоҳад шуд. Дар ин самт ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкили боғҳо ва таъмин бо ниҳолҳои интенсивӣ нақши муҳим доранд.

Тоҳирҷон Абдувоҳидов - сардори раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки имрӯз таваҷҷуҳи мардум нисбат ба соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ афзудааст. Ин аст, ки дар рӯзи баргузории ярмарка 300 ҳазор ниҳоли гуногун ба фурӯш бароварда шуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар ярмарка аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии деҳқонию инфиродии шаҳр 10 намуди ниҳол ва 100 навъи гуногуни он пешниҳод гардид. Имрӯз себи Истаравшанро бо номҳои «Ҳусни Юсуф», «Голден», «Делишес», «Ренет», «Семеренко» ва ғайра мешиносанд, ки он мақбули ҳамагон гаштааст. Ниҳолпарварони ин мавзеъ ниҳолҳои ноки намуди «Дилафрӯз», «Паричеҳраи ҷангалӣ», шафтолуи «Лола», «Чемпион», бодоми «Нонпарел», «Каҷҷак», «Дисертӣ», гелоси «Прогресс», «Негретянка» ва ғайраро ба фурӯш баровардаанд. Миқдори зиёди ниҳолони ба ярмарка баровардашуда маҳсули меҳнати ниҳолпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Саидалӣ», «Аскар», «Назир» ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарвари шаҳри Истаравшан аст.

- Кишоварзону гулпарварони ноҳияи Спитамен низ саҳми хешро бо як ҳазор бех ниҳоли сада, 20 ҳазор бех кӯчати ниҳолҳои парваришнамудаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва 500 намуд гули ороиширо, ки дар гармхонаи наву замонавӣ парвариш мешавад, ба фурӯш баровардаанд. Дар ноҳия аз соли 2015 то инҷониб беш аз 200 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид. Имсол дар Ҷамоати деҳоти Тағояк боз дар майдони 5 гектар боғи суперинтенсивӣ бунёд карда истодаем, - гуфт сардори идораи кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода.

Мусоидат ба ҳосили баланд

Ҳамчунин, корманди филиали суғдии Институти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Абдуҳабиб Охунҷонов ба намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерҳо, хоҷагиҳои алоҳида тарзи дуруст истифодабарии дарахтони мевадиҳандаро фаҳмонида, аҳамияти бурриши дарахтонро дар баланд бардоштани ҳосил арзёбӣ кард.

- Агар бурриши дарахтонро хуб ба роҳ монем, ҳосилнокӣ зиёд гашта, солҳои зиёд ҳосил хоҳад дод. Тарзи нодурусти бурриши дарахт онро ба зуд пиршавӣ оварда мерасонад. Дарахтони мевадиҳанда тарзи бурриши ба худ хос доранд. Масалан, шафтолуро косашакл буррида, шохаҳои байнӣ гирифта мешаванду паҳлӯгияш бояд боқӣ монад. Дар ин ҳолат офтобу нуриву шамол беҳтар ба қабатҳои дарахт ворид шуда, барои гирифтани ҳосили баланд мусоидат менамояд. Тарзи намуди бурриши себу олу бошад, қабат ба қабат, яъне палмативӣ сурат мегирад, - иброз дошт А.Охунҷонов.

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Илёс Каримов миннатдориашро ба ташкилкунандагони ин ярмарка расонда гуфт, ки имрӯз аз ярмарка ниҳолу гулҳои ороиширо харидааст ва ният дорад, дар боғи худ шинонад, то дар оянда аз меваҳояш фарзандон ком ширин кунанд.

Ҳамчунин, сокини ноҳияи Айнӣ Бурҳон Раҳимов гуфт, ки наздик 30 сотих замин дорад. Аз ярмарка - фурӯши ниҳол якчанд намуди ниҳоли мевадиҳандаро бо нархи арзон харида, ният дорад, боғи нав бунёд созад.

Абдуазиз Маҳмудзода, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят доир ба ин чорабинӣ чунин гуфт:

- Имрӯз ниҳолони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои зиёд ба ярмарка бароварда шудаанд. Сокинон бо як иқдоми нек барои ободу зебо гардонидани маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳӣ ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳоро бо як рӯҳияи болида харида истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин ҷода саҳми тамоми кишоварзон, аз ҷумла хоҷагиҳои инфиродӣ барои парвариши гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда хеле калон буда, онҳо дар ин чорабинӣ маҳсули заҳмати худро пешкаши сокинони вилоят гардониданд.

Чӣ хеле ки аён гардид, сокинон барои ободу зебо намудани манзили худ аз гулу буттаҳое, ки деҳқонон ва сокинони вилоят пешниҳод намуданд, харид ва барои сарсабз гардонидани маҳаллаву деҳа, шаҳру ноҳия ва манзили худ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Гул рамзи зебоӣ, назокат ва бадеият аст

Сабзкорӣ ва гулпӯш намудани майдону хиёбонҳо аз рукнҳои муҳими ободонӣ, аз таомули неки фарорасии айёми баҳору Наврӯзи ҷаҳонист. Дар ярмарка бо мақсади дастрасӣ ба ҳамагон ҳаҷми зиёди анвои гуногуни тухмӣ ва кӯчати гулҳои ороишӣ пешниҳод гардид.

- Гулпарварӣ мисоли кори марди деҳқон арақи ҷабин рехтанро талаб мекунад, зеро нигоҳубини нодурусти гулҳо ба нобуд гаштани он боис мешавад. Гулҳо натанҳо дар фасли тобистон, балки дар чаҳор фасли сол парвариш меёбанд. Тухмиҳоро дуруст нигоҳ доштану онро ба мардум пешкаш кардан кори саҳл нест. Имрӯз дар кишвари мо талабот ба гул зиёд гаштааст. Бинобар ин ҳамасола гулҳои зиёд парвариш карда мешаванд, - гуфт директори муассисаи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон Шарифӣ Фирӯз Шарифзода.

Дар ярмаркаи имрӯза мо намудҳои зиёди гулро пешкаши сокинони вилоят гардонидем.

Ҳадаф аз бунёди боғ гирифтани самараи нек ва мақсад аз шинонидани ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам ва зебогардонии маҳал мебошад. Аз ин рӯ, дар ярмаркаи ниҳол, тухмӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ аз тарафи масъулону мутахассисон, олимон ва ниҳолпарварон, инчунин муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ пешкаш гардида, оид ба интихоби ниҳолу гулу бутта, тарзи шинонидану нигоҳубин, риояи агротехникаи парвариш тавсияҳо дода шуданд.

Барои фаровонии дастархони мардум

Ҳамчунин, дар рафти ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Зимни боздид аз ярмарка Раиси вилоят ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровонтар намудани номгӯи маҳсулот дастуру супориши мушаххас дода, таъкид дошт, ки бояд нархи маҳсулот аз бозор нисбатан арзон бошад.

Дар он рӯз асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, орд, себу нок, консерваҳо ва маҳсулоти шириву қаннодӣ пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардид. Масалан, нархи як кило гӯшти гов 38 сомонӣ, гӯсфанд 45 сомонӣ, як кило пиёз 1,80 дирам, сабзӣ 1 сомонӣ, картошка 1,70 то 2,30 дирам, турб 80 дирам, шалғам 1 сомонӣ, равған 42 сомонӣ, шакар 5,50 дирам, биринҷ аз 8,50 то 9 сомонӣ ва 1 халта орд 175 сомонӣ арзиш доштанд.

Гулнора Шодиева - сокини шаҳр миннатдориашро ба ташкилкунандагони ярмарка расонида гуфт, ки чунин ярмаркаҳо тез - тез дар шаҳр ташкил шаванд. Чунки нархи маҳсулот аз бозор хеле арзон мебошад. Масалан, як халта орд дар Бозори «Панҷшанбе» 205 сомонӣ арзиш дорад. Имрӯз бошад, ман як халта ордро 175 сомонӣ харидам, ки аз он қаноатманд ҳастам ва миннатдории худамро ба Раиси вилоят мерасонам, - изҳор дошт номбурда.

Моҳрӯ Саидова - бошандаи маҳаллаи Ваҳдати шаҳр аз баргузории чунин ярмарка изҳори хушнудӣ намуда, аз арзиши маҳсулот, ки аз бозор ба маротиб арзонтар буд, қаноатмандии хешро изҳор дошт.

Баргузории чунин ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳдошти рӯзгори мардум мусоидат хоҳад намуд.

Мухтори АБДУЛЛО,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh