Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларусро ба ҳузур пазируфт

Санаи 18-уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус, ки бо роҳбарии директори Институти боғпарварӣ Александр Таранов ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят аз муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистону Беларус, ки аз сиёсати оқилонаву дурнигаронаи Сарони олии ду кишвар сарчашма мегирад, ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки сол аз сол робитаҳои Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи бахшҳо густариш меёбад. Дар мулоқот ёдоварӣ карда шуд, ки моҳи ноябри соли 2019 гурӯҳе аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Беларус сафар карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда буданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Беларус ба манфиати ҷонибҳо буда, ба рушди соҳаҳои гуногун замина мегузорад.

Раиси вилоят аз нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 маълумот дода, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдориву сабзавоткорӣ ва рушди картошкапарварӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Гуфта шуд, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони боғу токзорҳо васеъ ва кишти картошка афзун карда мешавад. Ба ҳайати меҳмонон маълумот дода шуд, ки имсол дар доираи ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд иншооти зиёд, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ, мактабу кӯдакистон, боғҳои фарҳангӣ ба истифода дода шуда, бори аввал Иди картошка таҷлил мегардад. Зимни суҳбат вобаста ба ҳамкориҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ бо Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус, гардиши мол ва дигар масъалаҳо изҳори назар карда шуд.

Директори Институти боғпарварии Ҷумҳурии Беларус Александр Таранов, ки бори нахуст ба вилояти Суғд ташриф овардааст, аз меҳмоннавозӣ, ободиву созандагӣ дар вилоят изҳори хушнудӣ намуд. Номбурда баён дошт, ки ҳамкории олимону мутахассисони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон хубу зич ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои ҳамкорӣ назаррас мебошад. Феълан барои густариши робитаҳои судманд нақшаҳо тарҳрезӣ ва дар амал тадбиқ мегардад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зарур шуморид, ки бо иштироки намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус дар вилоят семинари омӯзишӣ ташкил карда шавад.

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҳайати меҳмонон дар шаҳру навоҳӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғу токпарварон, картошкапарварон ва дигар деҳқонон, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳавасмандӣ изҳор медоранд, шинос мешаванд. Зеро истифодаи таҷрибаҳои пешрафта ва табодули таҷриба ба рушди соҳа замина мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh