Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсим омодаанд?

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом баҳри омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрии соли равон тадбирҳои зарурӣ андешидааст, - гуфт дар суҳбат сардори ин ниҳод Асрориддин Шокирӣ. Боиси зикр аст, ки дар мавсими имсола ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои пардохти оби истифодашуда таъмири пойгоҳҳои обкашӣ баҳри омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Дар мувозинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 14 пойгоҳи обкашии иқтидорашон гуногун мавҷуданд, ки калонтарини онҳо «Маҳрам», «Пойменная» ва «Нур» буда, обро аз дарёи Сир мекашанд, ки 40 дарсади замини кишоварзии шаҳр ба воситаи ин пойгоҳҳо обёрӣ мешавад.

Соли ҷорӣ, мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, корҳои зиёде барои омода намудани иншооти гидротехникӣ ба мавсими обёрӣ дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонида шуданд, ки он аз қабили тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, таъмири новаҳою воситаи ченаки об, иншооти гидротехникӣ, тоза намудани хатти заҳбурҳо, танзими сарбандҳо, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ва трансформаторҳо, инчунин хатҳои барқӣ мебошад.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо 6 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома бастааст, ки тақсимоти об ва рӯёнидани маблағи хизматрасонӣ тавассути онҳо сурат мегирад. Саривақту пурра пардохт намудани маблағи оби истифодашуда аз имкониятҳои таъмиру омодасозии иншооти ирригатсионӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад.

Дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ барои гузаштан ба стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ гурӯҳи корӣ аз моҳи ноябри соли 2019 корҳоро оғоз карда, моҳи январи соли ҷорӣ барнома ба фаъолият шурӯъ кард. Тибқи ҳисоботи пешакӣ, зиёда аз 10 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба ин ҳисобот ворид ва барои пурраву шаффоф гардидани ҳисоби оби истифодашуда ва пардохт мусоидат менамояд.

Бино ба иттилои номбурда, ин барнома имконият медиҳад, ҳамаи ҳисобу китоб бо мизоҷон ба таври шаффоф ва дақиқ ба роҳ монда шавад. Инчунин, рӯихати истифодабарандагону мизоҷон муайян карда шуда, аз рӯи он дар оянда корхона бо ҳар як субъекти истифодабарандаи оби полезӣ бо тарзи алоҳида ҳисобро ба роҳ мемонад.

Яке аз тадбирҳои калонҳаҷми ирригатсионӣ тоза кардани Канали калони обпартои мавзеи Патар дар шафати болооби обанбори Қайроққум мебошад, ки Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр онро тоза ва барқарор намуд. Ин иншооти обпарто ҳамчунин омили беҳдошти ҳолати мелиоративии беш аз 600 гектар замини кишоварзии мавзеи Тӯқай мебошад. Ҳамчунин дар ҷамоатҳои деҳоти Пӯлотон, Патар, ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Эргаш Шарифов, Раҷаб Ҳамробоев заҳбурҳо тоза шуда, барои обрасонии боэътимоду кам кардани талафоти он тоза кардани Канали Калони Фарғона аз тадбирҳои асосӣ маҳсуб меёбад.

Истифодаи пурсамари оби полезии мавҷуда дар Канали Калони Фарғона ва дарёи Исфара имкон медиҳад, ки тадбири муҳими мелиоративӣ, додани оби захиравию шӯршӯии заминҳо дар ҳаҷми зиёд иҷро ва боздеҳи баланди заминҳои кишту боғот таъмин гардад. Бояд гуфт, ки корҳои таъмиру тармим дар пойгоҳҳои обкашӣ ба итмом расида, алҳол ба кор омодаанд.

Оре, омили асосии фаровонҳосилии майдонҳои кишоварзӣ аз меҳнати масъулини обрасониву обёрӣ вобастагӣ дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh