СПИТАМЕН: ФАЪОЛИЯТИ ГАРМХОНАҲО ҚОНЕЪКУНАНДА АСТ?

Баробари фаро расидани фасли баҳор мавсими кишт оғоз меёбад. Бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ ва сатҳи баланди амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, дар майдонҳои наздиҳавлигӣ кишти барвақтии баҳорӣ, аз қабили сабзавот ва дигар зироатҳои хӯроки чорво оғоз меёбад. Баҳор, ки фасли сербориш аст, дар бештари ҳолат баробари номусоид омадани боду ҳаво деҳқонон бо мақсади барвақт ба даст овардани ҳосил кӯшиш мекунанд, ки зироатро дар гармхонаҳо парвариш намоянд. Ҳамчунин, бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо оид ба гузаронидани кишти зироатҳои барвақтӣ ва ба тағйирёбии иқлим тобовар чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ин ҳолат фаъолияти гармхонаҳо назаррас буда, баҳри таъмини маҳсулоти хушсифат омили муҳимест.

Аслан гармхонаҳо яке аз воситаҳои муҳим барои таъмини бозори озуқаворӣ бо маҳсулоти тару тозаи ғайримавсимӣ ба ҳисоб мераванд. Истеъмоли сабзавоти барвақтӣ ба таъминоти организм бо витаминҳо, устувор шудани масъуният ва нигоҳдошти тандурустии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, фаъолияти гармхонаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ воситаи хуби даромад аст. Ин аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар вилоят сол то сол рушд намуда, бунёди гармхонаҳо бо намуд ва усулҳои нав вусъат меёбанд. Дар ҳама фасли сол ташкил ва фаъолияти доимии гармхонаҳо дар қаламрави вилоят хуб ба роҳ монда шудааст, ки сокинон бе муаммо бо сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбор таъмин мегарданд. Кишоварзон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо парвариш ва шинонидани тухмиҳои сабзавот машғул гардида, дар аввалҳои фасли баҳор маҳсулоти тару тозаро ба бозор мебароранд, то сокинон онро харидорӣ намоянд. Боиси таъкид аст, ки солҳои охир ин намуди соҳаи кишоварзӣ рушд ёфтаасту аксар бо ҳамин васила ризқу рӯзии худро ба даст меоранд.

Дар ноҳияи Спитамен низ ташкили гармхона қаноатманд арзёбӣ мегардад, зеро дар он ҷо аз 11 гармхона 8 адад фаъолият дошта, 3 адади онҳо типи хитоӣ мебошанд. Кишоварзони ноҳия ҳамагӣ дар майдони зиёда аз 2 гектар гармхона ташкил карда, асосан парвариши помидор, лимӯ ва дигар зироатҳоро дар ҷамоатҳои деҳоти Турсун Ӯлҷабоев, Тағояк, Истиқлол ва Куруш хуб ба роҳ мондаанд.

Баробари ин дар ноҳия кишоварзону деҳқонон ҳар як ваҷаб заминҳои корамро самаранок истифода мебаранд. Ба ҷуз помидору лимӯ парвариши қулфинай низ ба назар мерасад, ки масъулин барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ камари ҳиммат бастаанд.

Дар деҳаи Нови Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев бо сарварии Абдусаттор Ҳайдаров боғ ва гармхона бо номи “Меъроҷ” таъсис ёфта, онро ҶДММ “Нексигол” ба иҷора гирифтааст. Дар мавзеи номбурда дарахтони мевадиҳандаи шафтолу, себ шинонида шуда, баробари ин парвариши қулфинай ба роҳ монда шудааст, ки тухмии он аз мамлакати Туркия оварда шудааст. Навъи қулфинай “албион” буда, дар ҳолати пухта расиданаш намуди дилкаш ва таъми хуб дорад. Мавзеи мазкур тадқиқотӣ буда, соли дуюм аст, ки онҳо қулфинай парвариш менамоянд. 

– Азбаски дарахтон ҳоло ҷавонанд, он қадар ҳосили зиёд гирифта натавонистем. Барои таъмини об чоҳи амудӣ кофта шудааст, ки барои парвариши дарахтон ва гармхона муаммое пеш намеояд, – гуфт намояндаи «Меъроҷ» Абдуасад Ҳайдаров.

Масоҳати умумии «Меъроҷ» 5 гектар буда, ҳосили бадастомада асосан бозори марказии вилоятро таъмин мекунад. Алҳол дар он ҷо 4 нафар коргари доимӣ бо маоши хуб таъмин буда, дар мавсими ҳосилғундорӣ боз коргарон ҷалб мешаванд. Боиси таъкид аст, ки ҳосили аз гармхона бадастомада аллакай ба бозор бароварда шудааст. Баробари қулфинай барои дигаргунӣ ворид кардан дар он ҷо карам ҳам шинонида шудааст.

Вақте вориди бозори марказӣ шудем, дар он ҷо сабзавоти тару тоза, кабудӣ ва намудҳои дигари ҳосили гармхонаҳоро ба фурӯш гузоштаанд, ки он маҳсулоти худист ва сокинон бо нархҳои дастрас харидорӣ доранд.

– Ҳоло талабот нисбат ба помидору бодиринг, кабудӣ ва дигар намуд маҳсулоти кишоварзии тару тоза зиёд аст, – изҳор дошт яке аз фурӯшандагон.

Хостем, ба гармхонаҳое, ки имрӯз ба парвариши маҳсулоти баҳорӣ машғуланд, аз наздик ошно гардем ва дар бобати захираи маҳсулоти кишоварзӣ маълумот пайдо созем. Масъулини соҳаи кишоварзӣ бо баҳонаҳои зиёд аз пешниҳоди маълумоти пурра канораҷӯӣ карданд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки шояд масъули соҳаи мазкур бо ин васила хост, камбудии худро рӯйпӯш намояд? Маҳсулоти тару тоза дар ноҳия ба қадри кофӣ парвариш карда ҳам мешавад?

Дар ноҳия ҳастанд нафароне, ки дар ҳавлии истиқоматиашон гармхонаҳои хурд ташкил кардаанд, ки ин амал боиси дастгирист.

Ба ҳар бобат қонеъ аз он гардидем, ки имрӯз нафарони алоҳида, аз ҷумла деҳқонони асил барои дарёфти ризқу рӯзии худ ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ҷаҳд доранд.

Дарвоқеъ, рушди гармхонаҳо метавонад, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва таъмини бозорҳои дохилӣ мусоидат намояд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh