Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пахта ҷараён дорад

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, дар маъракаи оғози кишти пахта дар як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ ширкат варзид.

Раиси вилоят аз ҷумла аз кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Т.Қӯшатов, ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Каримов” ва хоҷагии деҳқонии “Зоидбой Каримов” боздид намуда, бо кишоварзону саҳмдорон суҳбатҳо анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки соли ҷорӣ дар вилоят беш аз 60 ҳазор гектар пахта кишт хоҳад шуд ва кишоварзонро зарур аст, ки бо интихоби тухмиҳои баландсифат ва риояи қоидаҳои кишту парвариш ҳосилнокии пахтаро баланд бардошта, ба рушди соҳа мусоидат намоянд.

Тавре изҳор гардид, соли равон аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Т.Қӯшатов дар 830 гектар, ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 1400 гектар, хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Каримов” 20 гектар, хоҷагии деҳқонии “Зоидбой Каримов” 43 гектар пахта кишт мекунанд.

Пахтакорони ноҳия асосан навъҳои “Дӯстӣ”, “Синзян”, “Флеш”, “Элита-39”, “Хуҷанд-67”, “Неъмат”-ро кишт менамоянд ва интизор доранд, ки ҳосили дилхоҳро ба даст оварда, нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh