Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ ва азхуд кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд

Санаи 26-уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, парвариши токзор дар хоҷагиҳои деҳқонии «Сиддиқбобо», «Мелибобо» ва «Шомуродҷон»-и деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан шинос гардид.

Бояд зикр кард, ки деҳқонони Деваштич дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, оиди самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминро самаранок истифода мебаранд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар минтақа асрҳои аср ягон намуди зироат рӯёнида намешуд. Замини ғайрикишоварзӣ бо ташаббуси кишоварзон ба замини корам табдил дода шуд. Дар масоҳати 20 гектар замин токзор бунёд карда, дар он ниҳолҳои токи Суғдиён шинонда шуд.

Ҳоло ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд. Барои самаранок истифодабарии замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар байни қаторҳо кишти полезӣ - тарбуз ва харбуза, ҳамчунин картошка кишт карда шудааст. Таъкид гардид, ки таҷрибаи деҳқонони Деваштич ба кишоварзони дигар ноҳияҳои вилоят низ омӯзонида шавад.

Зеро ободӣ ва сарсабзии замин пеш аз ҳама, аз меҳнату заҳмати худи деҳқон вобаста аст. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани замин корбарӣ намуда, давоми сол 15 чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд. Дар натиҷа 150 гектар замин аз худ карда шуда, дар он токзорҳои муосир, боғҳои интенсивии дарахти себ бунёд гардиданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзони пешқадам бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh