Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят бо кишоварзон мулоқот намуд

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти кишти картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Сомониён» дар деҳаи Панҷбоғи Ҷамоати деҳоти Муҷун ва Хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаҳо» дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзон амал намуда, заминро самаранок истифода мебаранд. Имсол деҳқонони ноҳияи Деваштич мувофиқи нақша дар майдони зиёда аз 6 ҳазор гектар замин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка кишт намуда, азм доранд беш 200 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст оранд.

Имрӯзҳо дар саҳро кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, кишоварзон тухмиҳои серҳосили маҳаллиро истифода мебаранд то дар муҳлатҳои оптималӣ киштро ба итмом расонида, оқибмонии кишт, ки дар рӯзҳои боронӣ ба амал омад, бартараф созанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонони варзидаи ноҳияи Деваштич, ки дар кишт ва парвариши картошка дар кишвар мақоми хосаро доранд, изҳор намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кишти картошка диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро картошка нони дуюм ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об супориш дода шуд, ки деҳқононро бо тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва оби полезӣ саривақт таъмин намоянд.

Аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзони пешқадам бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh