Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен

Санаи 29-уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба хоҷагии «Уяс» - и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, аз ҷараёни парвариши картошка, карам, помидор ва полезиҳо шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзон амал намуда, заминро самаранок истифода мебаранд.

Дар хоҷагии мазкур, ки дорои 26 гектар замини корами обӣ мебошад, асосан пахта, картошкаи барвақтӣ, полезиҳо кишт намуда, ҳамчун хоҷагии намунавӣ дар ноҳия истифодаи самараноки заминро ба роҳ мондаанд. Имсол деҳқонони ноҳияи Спитамен мувофиқи нақша дар майдони зиёда аз 635 гектар замин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка кишт намуда, азм доранд, ҳосили хуби картошка ба даст оранд.

Ноҳияи Спитамен бо кишту парвариши маҳсулоти асосии кишоварзӣ - пахта дар вилоят мавқеи хоса дорад. Солона дар майдони зиёда аз 6400 гектар пахта кишт карда мешавад. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят аз заминҳои хоҷагиҳои пахтакор боздид ба амал оварда, бо нашъунамои ниҳоли пахта ва коркарди агротехникии он шинос шуд. Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзӣ нашъунамои ниҳоли пахта нисбат ба ҳамин даври соли гузашта беҳтар мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонони варзидаи ноҳияи Спитамен изҳор дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кишти картошка ва пахта эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Зеро картошка нони дуюм ва пахта ашёи саноатию содиротӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва сарчашмаи ворид кардани асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об супориш дод, ки деҳқононро бо тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва оби полезӣ саривақт таъмин намоянд.

Раиси вилоят барои саривақт ба анҷом нарасонидани кишти пахта дар ноҳияи Спитамен ба масъулин эроди ҷиддӣ гирифт ва дастури қатъӣ дода шуд, то дар рӯзҳои наздик бо истифода аз тухмиҳои пахтаи пешпаз киштро мувофиқи нақша ба анҷом расонанд.

Аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзони пешқадам бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh