Боздиди Раиси вилоят аз ҷараёни парвариши помидор ва қаламфури ширин дар Хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи парвариши помидор ва қаламфури ширин дар Хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - и Ҷамоати деҳоти Тағояк дидан намуд.

Гармхонаи замонавӣ дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» Саидмурод Давлатов таъсис дода шуда, дар он асосан сабзавот парвариш карда мешавад. Дар гармхона парвариши помидорҳои навъи «Атия», «Аламина» ва «Пинк - Оракул» бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва 40 каси дигар мавсимӣ бо шуғл таъмин мебошанд.

Дар гармхона дар марҳалаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд.

Соли равон бо истифода аз таҷриба ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад. Ҳоло дар гармхона ҳосил фаровон буда, ҳамарӯза ба марказҳои савдо ва бозорҳои кишвар помидорҳои хоҷагӣ бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ҳамин минтақа кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 6 гектар парвариши қаламфури булғориро низ ба роҳ мондаанд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аз ин майдон умед доранд, то 400 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда, онро ба хориҷа содирот намоянд.

Ба муассиси хоҷагӣ, соҳибкори муваффақ Саидмурод Давлатов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тавсия дод, ки таҷрибаи муосир ва пешрафтаи соҳаи кишоварзиро боз ҳам дар амал татбиқ намуда, масоҳати гармхонаи замонавиро афзун намояд. Зеро ба сабзавоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар хориҷа талабот зиёд аст. Ҳамчун хоҷагии пешрафта маҳсулоти тару тозаро содирот карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh