Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавоти барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо рафти парвариши сабзавоти барвақтӣ шинос шуд.

Дар хоҷагӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Кишоварзон дар майдони 4.5 гектар замин парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, ҳама намуди сабзавоти барвақтӣ - карам, картошка, помидор, бодиринг, сирпиёз ва шалғам кишт намудаанд. Дар натиҷаи таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ба даст омада, имрӯз деҳқонон кишти сабзавоти барвақтиро аз рӯи агротехникаи муосир ба роҳ монда, парвариши намудҳои гуногуни сабзавотро мувофиқи мақсад роҳандозӣ кардаанд.

То имрӯз ҳосили бодиринг ва сирпиёзро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш баровардаанд. Алҳол ҳосили карам ва картошкаи баҳорӣ омодаи ҷамъоварӣ аст. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Азамат Алиев 25 сол инҷониб бо парвариши сабзавот машғул аст. Ба гуфти ӯ муносибат бо замин асоси фаровонҳосилӣ мебошад. Саривақт шудгор кардан, яхобмонӣ ва бо поруи маҳаллӣ бой гардонидани таркиби хок омили асосӣ ба шумор рафта, ба нашъунамои хуби зироатҳо мусоидат менамояд. Ҳоло деҳқонон ба ҷои майдонҳои холишуда дубора бодиринг кишт намуда истодаанд. Ҳамчунин, бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар як сол рӯёнидани ду - се ҳосил кӯшиш намуда, кишти ҷуворӣ, харбузаву тарбуз ва лубиёгиҳоро низ ба роҳ мондаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифодаи самараноки замин дар хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, баён дошт, ки бояд ҳар як соҳибзамин ба монанди ин деҳқонони асил корбарӣ намуда, баҳри таъмини бозор ва фаровонии дастурхони сокинони кишвар саҳмгузор бошанд. Раиси вилоят меҳнати деҳқонони заҳматкаши хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-ро бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh