Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокинон шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили Ҳусенбой Соҳибов, сокини Ҷамоати деҳоти Исфисор ташриф оварда, ҳангоми суҳбат бо сарвари оила баҳри истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ тавсияҳои муфид дод. Таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як оила замини наздиҳавлигии хешро самаранок истифода бурда, дар таъмини оила бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор бошад.

Иттилоъ дода шуд, ки оилаи Соҳибовҳо 0,12 га қитъаи замини наздиҳавлигии худро барои қонеъ намудани таъминоти хеш истифода намуда, дар он сабзавот кишт мекунанд.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз аз манзили Бовоҷон Юлдошев боздид карда, барои оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин маслиҳатҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh