КИРМАКПАРВАРӢ: СОҲА РУШД МЕЁБАД

Имрӯз дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пилла бо маром ҷараён дорад. Дар асоси нақшаи пешбинигардида имсол дар вилоят истеҳсоли 360 тонна пилла дар назар дошта шудааст.

Кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз 140 тонна пилла истеҳсол намудаанд. Аз рӯи таҳлилҳо ҳосилнокии ҳар қуттӣ то 40 килограмро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои намояндаи ҶСК «Пиллаи Тоҷик» дар вилояти Суғд Парвиз Бегматов дар мавриди ҷамъоварии ҳосили пилла саҳми пиллапарварони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров назаррас мебошад. То санаи 1 - уми июни соли равон кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои Конибодом 21 - тонна, Спитамен 44 - тонна, Бобоҷон Ғафуров 31- тонна ва Деваштич 30,2 тонна, пилла истеҳсол ва ба корхонаи пиллақабулкунӣ супориданд, ки ҳосили миёнаи онҳо 40 килограмм мебошад.

Оғози тақсимоти кирмакҳо дар вилоят ҳанӯз аз оғози моҳи март ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷумла ноҳияи Ашт тухмии кирмаки навъи аълосифати хитоӣ, ки имсол 12 ҳазор қуттӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, дар ҶСК «Пиллаи тоҷик» нигоҳдорӣ ва барои зинда кардан ба гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим шуда буд, санаи 30-юми марти соли 2020 қабул намуда, ба парвариши он машғул гардиданд. Кирмакпарварони ноҳия то ин вақт барои бо сатҳу сифати баланд парвариш намудани он омодагии зиёд дида, барои зиндашавии тухмиҳои аълосифати кирмак 6 гармхонаро омода ва барои истеҳсоли пиллаи хуб чораҳои заруриро андешиданд.

Имсол бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии кирмакпарварон ҳаққи хизмати онҳо дар сари тарозу ба ҳар як килограмм пиллаи сифатан тоза 10 сомонӣ ва ба пиллаи сифатан пасттар 4 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароит барои рушди ин соҳа ва таъмини кирмакпарварони вилоят бо тухмии хушсифат баҳри истеҳсоли пиллаҳои хушсифат ва зиёд намудани истеҳсоли он дар кишвар «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардида истодааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh