Муаммо бартараф шуд

Сари вақт омода намудан ва ба кор даровардани пойгоҳҳои обкашӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин масъаларо мадди назар гузошта, марҳала ба марҳала ба пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки санаи 18 – уми апрели соли 2020 дар натиҷаи якбора хомӯш гардидани неруи барқ дар пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ашт садама рух дод. Силсилаи насосҳои обкашӣ, ки аз панҷ зина иборат мебошад, дар зинаи якуми АНС – 1 садама рух дода, дар натиҷаи он насосҳо зери об монда, насосҳои обкашӣ аз кор баромад.

Баҳри беҳтар намудани ҳолати обрасонӣ ба заминҳои ноҳия бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағ ҷудо гардид.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия гуфт, ки барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои садама ситод ташкил гардида, дар як муддати кӯтоҳ насосҳои шашкуба ва яккубаро пурра омодаи кор намуданд.

Бино ба иттилои масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, имрӯз дар ноҳия 20 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, дар якҷоягӣ бо 54 чоҳи амудӣ зиёда аз 16 ҳазор гектар замини ноҳияро шодоб мегардонанд.

Кишоварзони ноҳия барои таъмин гаштан бо оби полезӣ ҳаққи хизмати обрасониро соли 2019 пурра пардохт намуда, барои соли равон зиёда аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пешпардохт кардаанд.

Таъмини фаровонҳосилӣ аз фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ вобаста буда, кишоварзон имрӯз бо дили гарм ба корҳои саҳроӣ машғул мебошанд.

Кишоварзони ноҳия тибқи дурнамо тасмим гирифтанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 6 ҳазору 200 гектар пахта кишт намоянд. То имрӯз зиёда аз 6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуда, ният доранд, ки дар рӯзҳои наздиктарин кишти пахтаро ба анҷом расонанд.

Инчунин, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 839 гектар кишти картошка гузаронида мешавад. Айни замон дар майдони 600 гектар кишти картошка гузаронида шуда, он бомаром идома дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh