РИЗҚИ ДЕҲҚОН ДАР ЗАМИН

Аҳли оилаи иҷоракор Гулрухсор Обидова соли гузашта дар 2,5 гектар пахтаи навъи «Ориёӣ» кишта, аз ҳар гектар 27-сентнерӣ, қариб ҳафт тонна ҳосили хушсифат рӯёниданд. Соли равон пунбаи навъи «Хуҷанд – 67» кишт намуда, ният доранд, наздик ҳашт тонна «тиллои сафед» ба даст оранд.

Гулрухсор аз соли 1999 дар хонаи саломатии деҳаи Ғалчамулло чун ҳамшираи тибби оилавӣ фаъолият дорад. Аммо муҳаббат ба замин ӯро водор намуд, ки ин шуғлро идома бахшад. Дар оилаи шавҳараш Ҳакимҷон Обидов ҳама луқмаи хеш аз замин мерӯёниданд. Аҳли оила қарор доданд, 2,5 гектар заминро аз ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова ба иҷора гирифта, бо кишоварзӣ машғул шаванд.

- Дар 70 садяк замини иловагӣ 55 бех ниҳоли зардолуҳои хушсифат дорем ва ҳамасола зери он барои таъмини рӯзгор маҳсулоти полезӣ низ кишт менамоем. Замин ҳаргиз инсонро бенасиб намемонад. Гандуму мошу лӯбиё, помидору бодиринг ва боимҷони хушсифату лазиз барои захираи зимистон низ кифоят мекунад.

- Аз оилаи мо касе ба муҳоҷират намеравад, рӯзиамонро аз замин меёбем. Дар ҳоле ки бисёре аз атрофиён бекоранд, дарёфти коргарони кироя мавсими ягонакуниву ғунучини ҳосил амри маҳол аст. Бо вуҷуди оне ки музди меҳнаташонро саривақт ба даст мегиранд, майли коркунӣ надоранд, - мегӯяд Гулрухсор.

Чӣ хуб мешуд, он занони хонашин, ки тамоми бори зиндагиро бар дӯши мардон партофтаанд, ин ҳикматро ҳалқаи гӯш мекарданд:

Рӯзӣ насиби кас ба

нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи

обу дона рафт.

Фирӯзаи АБДУЛАЗИЗ,

шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh