Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парваришу ҷамъоварии помидор шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии “Қалъача” яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тона помидорро пешниҳоди харидорон менамояд. Тибқи иттилои Аҳмадҷон Ахмедов – роҳбари хоҷагӣ имсол масоҳати кишти помидор 1 гектарро ташкил дода, ҳосили интизорӣ 50 тонна мебошад. Айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, помидорҳои истеҳсолшаванда аз 500 грам то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар инҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои куҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коркарди маҳсулотро низ ба роҳ мондаанд. Истеҳсоли афшура ва консерва аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид ба фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ баҳои баланд дод ва аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Тибқи иттилои масъулин кишоварзони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар масоҳати 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузошта истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh