Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилоят, ки аз 30 июн то 3 июли соли равон сурат гирифт, ба роҳбарияти вилоят ва масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти тару тоза супоришҳои мушаххас дода буданд.

Раиси вилоят ҳини сафар ба ноҳияи Мастчоҳ сараввал тарзи истифодабарии заминҳои кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои саҳроиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон” боздид намуда, бо кишоварзон суҳбат кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон” дорои 12 гектар замини корам буда, дар 6 гектари он пахта кишт карда шудааст. Дар 4 гектар полезиҳо ва дар замини боқимонда картошкаву сабзӣ, ҷуворимакка, лӯбиёгиҳо парвариш карда мешавад.

Кишоварзон иброз доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳосили якумро ҷамъоварӣ карда, дар заминҳои холишуда кишти такрории зироатҳоро ба роҳ мемонанд.

Тарбузу харбузаҳои хоҷагии мазкур ҳамасола ба бозорҳо бароварда шуда, дастранҷи деҳқонон барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад.

Мусаллам аст, ки Мастчоҳ аз минтақаҳои пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, дар ноҳия барои истеҳсоли “тиллои сафед” имкониятҳо зиёд аст. Кишоварзон аз замин самаранок истифода бурда, ҳамасола садҳо тонна пахтаро ба хирман мерезанд, ки меҳнати шабонарӯзии онҳо шоистаи таҳсин аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии ба номи Зиёвуддин Зиёуддинов низ низ солҳо инҷониб ба пахткорӣ машғул буда, имсол ният доранд то 70 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ин хоҷагӣ дорои 17 гектар замин аст ва қариб дар ҳамаи замин пахта кишт шудааст. Пахтакорон ба роҳбари вилоят баён доштанд, ки оби полезӣ сари вақт ба киштзор расонида шуда, нуриҳои минералӣ низ барои озуқадиҳии зироат фаровон мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз майдони полезиҳо низ боздид кард ва барои ҷамъоварии ҳосил – тарбузу харбузаҳои шаҳдрези заминҳои Дилварзин тавсияҳо дод. Гуфта шуд, ки тарбузу харбузаҳои дар ноҳия истеҳсолшаванда ба тамоми қаламрави кишвар, инчунин ба кишварҳои ҳамсоя низ ба фурӯш бароварда шуда, ҳазорҳо нафар аз самараи деҳқонони ноҳия ком ширин мекунанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо аҳли заҳмати ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи самараноки обу замин дастуру супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар шароити куҳсори мамлакат ҳар як ваҷаб замин оқилона истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh