Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон-саркор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи кишти такрории зироатҳо 5 ҳазор гектарро ташкил дода, то имрӯз нақшаи мазкур 91 дарсад иҷро гардидааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон - саркор”-и ноҳия иттилоъ дода шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон - саркор” бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ошно шуда, барои иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ дастуру тавсияҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки заминҳои ноҳия тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи нақшаи тарҳрезишуда бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Дар самти таъминот бо оби полезӣ мушкилие вуҷуд надорад ва кишоварзон метавонанд бо меҳнати худ ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Пасон, Раиси вилоят ба минтақаи “Тиллотеппа”-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ташриф овард. Дар ин минтақа бо саҳмгузории ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев хати нави оби полезӣ кашида мешавад. Бо ба охир расонидани корҳои васлу насбкунӣ ҳолати мелиоративии садҳо гектар заминҳои мавзеъ беҳтар хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси ҷамъияти саҳҳомиро хуш истиқбол карда, барои иҷрои босифати корҳо тавсияҳо дод. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh