Барои таъмини фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят зимни сафар сараввал фаъолияти пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Пойгоҳи мазкур дорои 4 дастгоҳи обкашӣ буда, он ба воситаи ду қубури обкашӣ ба баландии 95 метр ва ба масофаи 1070 метр об мебарорад. Мусаллам аст, ки дар ноҳияи Зафаробод тамоми заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешавад ва бо назардошти ин ҳамасола аз буҷети вилоятӣ барои таъмири иншооти обрасон маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.

Соли равон низ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои ноҳия аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои таъмири пойгоҳҳҳои обкашӣ сарф карда шуд.

Зафаробод аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ноҳия дар ҳазорҳо гектар анвои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ кишту парвариш мешавад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия имсол беш аз 30 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 257,1 га зиёд мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои шиносоӣ ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати назорати фаъолияти пурсамари пойгоҳҳо ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ, инчунин ҷамъоварии маблағи оби истифодашуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh