Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар Конибодом

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ шинос гардид.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Озода-Д” нашъунамои шолӣ ва дар хоҷагии деҳқонии “Мутриба-ЗД” нашуъунамои пахтаро мушоҳида намуда, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод. Аснои суҳбат қайд карда шуд, ки кишоварзони Конибодом то қадри имкон ҳар як порча заминро самаранок истифода бурда, бо ин роҳ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузошта истодаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон деҳқонони Конибодом ба маблағи зиёда аз 272 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар 6000 гектар пахта, дар 148,9 гектар картошка ва 96,7 гектар сабзавот кишт намудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бояд ҳар як порча замин самаранок истифода бурда шуда, кишоварзон бо интихоби тухмиҳои серҳосилу хушсифат сол ба сол ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова боздид кард. Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова деҳқонон пас аз ҷамъоварии ғалла бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти такрорӣ гузаронида истодаанд. Дар кишти такрорӣ ва дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh