Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон ошно шуд.

Раиси вилоят сараввал аз Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд. Хоҷагии ёрирасони Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов дорои 32 гектар замини корами обӣ буда, замин самаранок истифода мегардад. Аснои боздид маълум шуд, ки дар 27 гектар замини хоҷагии ёрирасон пахта, мош, макка барои алаф, пиёз, бодиринг, беда кишт карда шуда, 3,7 гектар боғи зардолу ва шафтолу мавҷуд аст. Мошу бодиринг ва турб натиҷаи кишти такрорӣ буда, нашъунамои зироатҳо хуб мебошад.

Сипас, Раиси вилоят тарзи истифобарии замини наздимактабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро, ки дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз воқеъ аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аз 4 ошёна иборат буда, дар муассиса ду устохона ва ду маҳфили ҳунармандӣ фаъолият менамояд. Дар муассиса 1602 нафар хонандагон таҳсил мегиранд, ки аз он 873 нафарашро духтарон ташкил мекунанд.

Дар мактаб барои зимистонгузаронӣ 14 тонна ангишт ва 6 метри мукааб ҳезум захира карда шуда, муассиса ба соли нави таҳсил омода мебошад.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок истифода намудани замини наздимактабӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар замини ёрирасони мактаб лӯбиё, лаблабу, карам, боимҷон, кабудиҳо кишт гардида, ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда низ нигоҳубин карда мешавад.

Раиси вилоят таҷрибаи муассисаҳои таълимиро намунаи ибрат арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бояд тамоми заминҳое, ки чун хоҷагии ёрирасон ба қайд гирифта шудаанд, самаранок истифода гарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh