Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом

Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти ҷамъоварии пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, аз бригадаи №12-и Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова боздид кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Конибодом ғуну чини ҳосил муташаккилона идома дошта, пахтакорон то имрӯз наздик 4 ҳазор тонна “тиллои сафед”-ро ба хирман рехтаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиён кӯмак карда, барои пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва қадршиносии доимии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Гуфта шуд, ки ҳосили бо ранҷ рӯёнидашуда бояд пурра ҷамъоварӣ карда шуда, марди деҳқон самараи меҳнати худро бубинад.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси вилоят ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh