Исфара истеҳсоли шолӣ меафзояд

Шаҳри Исфара ба қатори шаҳру навоҳие, ки ба кишту парвариши шолӣ машғуланд, дохил мешавад. Дар шаҳр имрӯз ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ба шоликорӣ машғуланд. Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии шаҳр М. Ҳамзаев, ҳамасола майдони кишти шолӣ зиёд мешавад.

Масалан, агар соли 2019 кишоварзон дар майдони 390,4 гектар кишти шолӣ гузаронида бошанд, пас ин рақам дар соли равон ба 411,62 гектар баробар шудааст.

Алҳол кишоварзон барои даравидани шолӣ омодагӣ дида истодаанд. Кишоварзон ният доранд, ҳосили шолиро ба беш аз 2 ҳазор тонна расонанд.

Соли гузашта дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзон 1943,9 тонна шолӣ ҷамъоварӣ карданд, ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 49,8 - сентнерӣ баробар аст.

- Соли равон низ пас аз заҳмату талошҳои зиёд, ки деҳқонон барои гирифтани ҳосили баланд меҳнат намуданд, интизор аст, ки аз ҳар гектар замин то 48 - 50 - сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад, - гуфт М. Ҳамзаев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh