Меваҳои шаҳдбор дар растаҳои бозор

Соли равон дар вилояти Суғд деҳқонон дар майдони 17231,5 гектар сабзавоту мевагиҳоро кишт намуданд, ки истеҳсоли он ба ҳолати 1 - уми сентябри соли равон 266106,3 тоннаро дар бар мегирад. Имрӯз кишоварзони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барои ҷамъоварии сабзавоту мевагиҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза машғуланд.

Аз ҷумла, деҳқонони ноҳияи Зафаробод дар ин радиф қарор доранд. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия, ҷамъ намудани мевагиҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Алҳол майдони боғу токзор беш аз 2000 гектар мебошад. Асосан дар ноҳия анвои мевагиҳо - себ, зардолу, олу ва шафтолу хуб парвариш карда мешаванд. Боғдорони ноҳия барои ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Ин аст, ки то имрӯз дар ноҳия беш аз 980 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Аз он ҷумла 150 тонна ангури хушсифатро кишоварзон ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ба фурӯш баровардаанд.

Дар асоси нақша - дурнамои пешбинигардида, истеҳсоли мевагиҳо то ба 1000 тонна расида, ангур бошад, беш аз 200 тонна ҷамъ оварда мешавад. Бино ба иттилои масъулин, то ҳол ҷамъоварии мева дар ноҳия идома дошта, имконият ҳаст, ки нақшаи пешбинишуда таъмин гардад. Дар ноҳияи Деваштич низ ҷиҳати ҷамъоварии мевагиҳо корҳои назаррасро ба роҳ мондаанд.

Ин аст, ки давоми нӯҳ моҳи аввали соли равон 120 тонна мева ҷамъ оварда шудааст. Алҳол дар ноҳия 150 гектар боғу токзор мавҷуд аст, ки дар 4 гектари он боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Давоми соли равон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд оид ба «Барномаи рушди боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020» бунёди 47,5 гектар боғу токзори нав пешбинӣ шуда буд, ки сад фоиз иҷро гардид.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh