ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ШАҲРИСТОН

Шаҳристон ноҳияи кишоварзии Тоҷикистон буда, иқлими он барои кишти картошка мутобиқат мекунад. Дар солҳои охир, мувофиқи афзалиятҳои барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Шаҳристон аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта истодаанд. Дар ноҳия 12 адад кооперативи истеҳсолӣ, 2803 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Майдони умумии заминҳои ноҳияи Шаҳристон 13200 гектар буда, аз он майдони заминҳои обӣ 4065 гектар ва заминҳои лалмӣ 9135 гектарро  ташкил медиҳад. Заминҳои обӣ асосан барои кишти картошка, сабзавот, полезиҳо, мева ва токзор истифода бурда мешаванд. Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳияро сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, галлакорӣ ва чорводорӣ  ташкил медиҳанд.

Айни ҳол кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосили он машғуланд. Ба санаи 26-уми сентябри соли равон 83 фоизи замини картошка ғунучин шуда, аз он 24300 тонна  картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд. Соли гузашта то ин рӯз кишоварзон беш аз 25 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд. Имсол бошад, ҷамъоварии картошка дар ноҳия нисбат ба соли гузашта дертар оғоз гардид.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон, ҳосилнокии картошка имсол нисбат ба соли гузашта зиёд буда, аз 296 сентнерии соли гузашта ба 405 сентнер расидааст.

Имсол майдони кишти картошка нисбат ба солҳои пеш аз ҷумла соли гузашта зиёд гардида дар самти хоҷагиҳои кишоварзӣ он аз 1200 ба 1348 гектар расонида шуд.

- Алҳол, ки сардшавии ҳаво ба назр мерасад кишоварзони ноҳия барои ҷамъоварии ҳосили картошка ҷаҳд намудаанд ва  кӯшиш доранд, ки нақшаи дурнамо  барзиёд иҷро гардад. Имсол дурнамои истеҳсоли картошка дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 46820 тонна мебошад. Тибқи таҳлилҳо ва санҷишҳои пешакии кормандони раёсати кишоварзии ноҳия, ҳосилнокии  маҳсулот аз истеҳсоли барзиёди он дарак медиҳад, - иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Хуршед Расулбердиев.

Тухмиҳои навъҳои «Алладин», «Пикассо», «Овчӣ», ки кишоварзон кишт мекунанд, аз ноҳияи Деваштич ворид гардидааст.  Масъулин иттилоъ медиҳанд, ки иқлими ноҳия барои кишти картошка муносиб буда, тухмиҳои хушсифате, ки аз ноҳияи Деваштич ворид мегардад, ҳосилнокии  хуб дорад, - илова намуд Хуршед Расулбердиев.

Таҳлилҳои мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия нишон медиҳад, ки иқлими ноҳия барои парвариши картошка муносиб буда, дар оянда ноҳияро барои парвариши тухмиҳои хушсифати ватанӣ ва ба талаботи мутахассисони соҳа  ҷавобгӯ оварда  мерасонад.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh