ҶАББОР РАСУЛОВ ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ 5 ҲАЗОР ТОННА ШОЛӢ

Дар вилояти Суғд ба кишту парвариши шолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад. Махсусан дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов бештар кишти шолӣ ба роҳ монда шудааст. Пас аз ҷамоварӣ ва коркард намудан аз он ба қавли мардум биринҷ ҳосил мешавад.

Биринҷро сокинони кишвари мо дар таомҳои миллӣ бештар  истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, майдони кишти ин навъи зироят ҳамасола васеъ карда мешавад. Масалан, агар соли 2019 дар миқёси вилоят 8920,5 гектар кишт шуда бошад, ин рақам давоми соли равон ба 9200,3 гектар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта 208 гектар зиёд кишт шудааст.

Ҷаббор Расулов низ яке аз ноҳияҳои шоликор ба ҳисоб рафта, майдони кишти он сол ба сол зиёд мешавад. Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия оид ба кишоварзӣ Тӯйчибой Отамуродзода имсол кишоварзон дар майдони беш аз 1100 гектар кишти шолӣ гузарониданд. Алҳол маъракаи дарави он бомаром ҷараён дорад. Ҳосилокии он дар ноҳия аз рӯи нишондиҳандаҳо бояд аз ҳар як гектар замин то 55 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад. Мувофиқи дурнамо имсол уме даст, ки беш аз 5 ҳазор тонна шолӣ истеҳсол гардад. Дар ноҳия 1750 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аксарияти ин хоҷагиҳо ба кишту парвариши шолӣ машғуланд.

Зикриддин Султонов роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Зикриддин» буда, дар 3,84 гектар замин кишти ҳама гуна зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондааст. Номбурда дар 1 гектар замин кишти шолӣ гузаронида буд, ки дарави онро аз санаи 28 – уми сентябр шуруъ намуд. Роҳбари хоҷагии мазкур мегӯяд, ки ҳосилнокии шолиро аз ҳар гектар замин беш аз 50 – 60 сентнерӣ умедвор аст.

Тибқи иттилои масъулин асосан кишти шолӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ба роҳ монда шудааст. То имрӯз беш аз 100 гектар замини шолӣ даравида шуда,  барои коркард омода мебошад.    

Тӯйчибой Отамуродзода мегӯяд, ки кишти шолӣ асосан дар заминҳои шӯр ба роҳ монда мешавад. Зеро оби зери он намакҳои таркиби хокро шуста мебарад ва аз он ҳосили баланди шолӣ ба даст оварда мешавад. Пас аз кишти шолӣ заминҳои шӯрзада дубора ба кишти ҳамагуна зироатҳо омода мегарданд. Тавсияи мутахассисон ин аст, ки дар заминҳои шӯрзада дар сурати мавҷуд будани об кишти шолиро ба роҳ монда онро ба кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ мутобиқат намоянд ва бозорҳои вилоятро бо ҳама намуди сабзавоту меаваҷот дар ҳама фасли сол таъмин намоянд, хубтар аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh