КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ - ҲОСИЛИ ФАРОВОН АЗ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН

Дар ин ноҳияи дурдасти вилоят ғунучини картошка оғоз шуд

Шуғли асосии сокинони ноҳия асосан кишоварзию зироаткорӣ мебошад. Аҳолии ин минтақаи кӯҳӣ зиндагонии худро аз ҳисоби сабзавоткорӣ таъмин менамоянд.

Онҳо асосан картошкаро барои захира ва тухмӣ нигоҳ медоранд, боқимонда, яъне беш аз 50 фоизи картошкаи ноҳия ба сокинони пойтахт ва маркази вилоят пешкаш карда мешавад.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Нусратбек Одилов иттилоъ дод, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ дар майдони 2202,7 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

- Дар Хоҷагии деҳқонии ба номи «Сафар Наврӯз» - и Ҷамоати деҳоти Лангар ҷамъоварии картошка оғоз ёфтааст. Дар ноҳия кишоварзон ба парвариши тухмиҳои навъи бигроза, манитол, ромасе ва ғайра диққати махсус медиҳанд, зеро аз ин тухмиҳо ҳосили хуб ба даст меояд, - гуфт Н.Одилов.

Дар деҳаи Сабағ дар майдони 147 гектар картошка кишт шудааст. Сокинони деҳа аз як гектар то 250 - 300 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Соҳибкорон бошанд, аз сари замин картошкаро бо маблағи аз 1 то 2 сомонӣ харидорӣ мекунанд.

Бино ба гуфти Нусратбек Одилов, барои ба даст овардани ҳосили хуб дар як мавсим то 3 маротиба коркарди агротехникӣ гузаронида мешавад. Махсусан, бобати ғизодиҳӣ, коркарди байни қаторҳо эътибори махсус зоҳир мегардад.

Иноятулло Бурҳонзода - раиси хоҷагӣ гуфт, агар ҳосил фаровон гардад, аз як гектар то 400 сентнер картошка меғундорем ва дар як мавсим бо 2 – 2,5 ҳазор тонна картошка бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро таъмин мекунем.

Танҳо аз ин хоҷагӣ беш аз 2 ҳазор тонна картошка ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд содирот мешавад. Сифати картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хубтар буда, аз ин ҳисоб талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд аст. Баробари ин картошкаи ноҳия барои захира ва нигоҳ доштани он дар анбор тобовар мебошад, - мегӯянд мутахассисони соҳаи картошкапарварӣ.

Дар Хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ» дар 3 гектар картошка парвариш шудааст. Хоҷагидорони ин минтақа асосан ба навъи картошкаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар диққати бештар медиҳанд. Тухмии картошкаи ин хоҷагӣ аз Покистон оварда шудааст, ки ба замини санглох мутобиқ мебошад.

Раиси хоҷагӣ Муҳаммадшариф Авазов гуфт, ки солҳои пеш тухмии ҳолландӣ оварда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда будем. Талабот ба маҳсулоти он низ дар бозори дохилӣ хеле хуб буд. Аммо ин намуд тухмӣ имрӯз дастраси мо нест, зеро нархаш гарон аст ва аз ҳамин ҳисоб дар масъалаи тухмӣ танқисӣ мекашем. Агар сифати тухмӣ нағз бошад, ҳосили хуб ба даст меорем.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳия дар майдони беш аз 2 800 гектар картошка кишт шудааст. Маҳсулоти бадастомадаро деҳқонон вобаста ба навъ ва намуд нархгузорӣ мекунанд. Содироти картошкаи ноҳия на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба роҳ монда шудааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh