Шаҳристон: Нақшаи истеҳсолии картошка пурра ба иҷро расид

Дар ноҳияи Шаҳристон картошка яке аз зироатҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Деҳқонон соли равон ба майдони 1348 гектар кишти зироатҳоро гузарониданд, ки нисбат ба соли пешин 148 гектар зиёд аст. Ба санаи 20 октябр дар секторҳои давлатӣ наздик 30 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид, ки ин нишондод 100 фисади нақшаи солонаро ташкил дод. Дар ин хусус зимни сӯҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хуршед Расулбердиев афзуд:

-Дар ноҳия 13 кооперативи истеҳсолӣ ва 2338 хоҷагии инфиродӣ амал мекунад, ки дар ҳамаи онҳо картошка кишт карда шудааст. Бо назардошти иқлими ноҳия имсол ҷамъоварии ҳосил хуб ба роҳ монда шуда буд ва ин омил боис гашт, ки нисбат ба соли гузашта 9 ҳазору 630 тонна зиёд ҳосил рӯёнида шуд.

Фаровонҳосилии имсола боиси пастшавии арзиш ва афзудани ин навъи маҳсулот дар бозорҳои шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Гулистон, Бӯстону Истиқлол ва берун аз он гардидааст.

- Алҳол нархи яклухтгирии ин навъи маҳсулот 2 - 2,5 сомониро ташкил медиҳад, - гуфт зимни сӯҳбат деҳқони собиқадор Худойқул Ҷӯраев. Омили асосии фаровонҳосилии имсола  бошад, асосан аз беҳтар гаштани вазъи обрасонӣ аст, ки соли равон таъминоти об аз тарафи бахши истаравшании Хоҷагии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия хоҷагиҳои картошкапарвар бо об ба қадри кофӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамин тавр картошкапарварони ноҳияи Шаҳристон иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли картошкаро пурраву пешакӣ ба иҷро расониданд, ки ин дастоварди хешро чун туҳфаи хоксорона ба ҷашни солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб медонанд.

Маъмурахон САМАДОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh