НОНИ ҲАЛОЛИ МЕҲНАТӢ

- Ҳар рӯз чанд килограмм пахта мечинед?

- 100-120 килограмм.

- Ҳамроҳи аҳли оила ё…

- Ин қадар пахтаро худам мечинам, аз они аҳли оила дигар.

- Ин ба шумо чӣ тавр муяссар мешавад?

- Хурд будам, ҳамроҳи падару модарам ба саҳроҳои колхозӣ, ба пахтачинӣ мерафтем. Модарам маро дар сари замини пахта гузошта, пахта мечиданд. Чинакчии моҳир буданд. Тамоми рӯз ҳамроҳи чинакчиён гашта, маро ҳам шавқу ҳаваси пахтачинӣ зиёд мешуд. Аз модар хоҳиш мекардам, ки бароям пешдоман диҳанд. Он кас рӯймоли сарашонро ба миёнам баста, «канӣ, бинам, ту зиёд мечинӣ ё ман?» мегуфтанд шӯхикунон. Баъдтар боре падарам рӯзномае оварданд, ки дар он дар бораи пахтачиндухтари моҳир Мамлакат Наҳангова, ки аллакай дар синни 11 – солагӣ аз заминҳои колхози ба номи Лоҳутӣ, ҷамоати Шоҳмансури ноҳияи Сталинободи РСС Тоҷикистон 70 - 80 килограмм пахта чида, маҳбуби дилҳо гашта буд, сухан мерафт. Сар то сари Давлати Шӯравӣ ном баровардани пахтачиндухтари наврас дар қалби ман низ маъво гирифт. Мехостам, мисли ӯ бошам. Бо гузашти вақт аз модари чинакчиам ҳам пеш гузаштам. Он кас рӯзе 70 - 80 килограмм «тиллои сафед» мечиданду ман бошам, то ин рақамро ба 100 нарасонам, аз замини пахта намебаромадам...

Ин суҳбати саризаминии мо бо Мамлакат Холматова, чинакчии пешқадами Хоҷагии деҳқонии «Азиза» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваст. Ин бонуи меҳнатӣ, ки дар қӯраи зиндагию меҳнат обутоб ёфтааст, иброз медорад, ки дасти одамизод гул асту дар натиҷаи меҳнат даштҳои санглох ба заминҳои корам табдил ёфтаанд.

- Солҳои зиёд дар заминҳои бригадаи Абдуғафур – саркор Самадов, ҳамоне, ки ба гирифтани номи волои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб шудаанд, меҳнат кардам. Ифтихор дорам, ки дар натиҷаи меҳнати ҳалол дар таъмини эҳтиёҷоти оилаам ҳисса гузоштаам. Зеро медонам, ки ганҷ бе ранҷ намешаваду меҳнат сарчашмаи эҳтиром аст. Барои пахтачинӣ ҳам шавқу завқ зарур аст. Аз он ки пешдоманам аз пағаҳои «тиллои сафед» пур мешаванд, аз он ки ба хирмани бобои деҳқон муште аз хирвор зам мекунам, шод мешавам. Шукр, имрӯз номи баланду нони ҳалолам аз меҳнат аст, - иброз медорад Мамлакатбону.

Иҷоракор Алишер Холиқов мегӯяд, ки Мамлакат яке аз чинакчиёни моҳир ба ҳисоб меравад. Ҳамроҳонашро низ ҳушдор медиҳад, ки аз фурсати муносиб ва обу ҳавои мусоид истифода бурда, нагузоранд, ки ҳатто як пағаи маҳсули заҳмати марди деҳқон дар замин монад.

- Барои ҳар килограмм пахтаи чидаашон 70 дирам арзиш муқаррар шудааст, ки ҳар бегоҳӣ дар сари замин ба пахтачинон дода мешавад. Ин ҳолат барои сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосил ёрии калон мерасонад. Барои пешқадамон туҳфаҳои хотиравӣ низ дар назар дошта шудааст, - гуфт сардори хоҷагӣ.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh